Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тайи шабонарӯзи охир қурби расмии арзи миллиро нисбат ба рубли Русия боз ба андозаи 4,2% боло бурд.
БМТ қурби сомониро нисбат ба рубл имрӯз, 13-уми март дар сатҳи 0.1288 сомонӣ (барои 1 рубл) муқаррар кардааст. Рӯзи 12-уми март он 0.1344 сомониро ташкил медод.
Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта Бонки миллӣ қурби сомониро нисбат ба рубл ба андозаи 4,7% – аз 0.1413 сомонӣ то ба 0.1346 сомонӣ паст карда буд.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллӣ муқаррар шуда, бо мақсади баҳисобгирии муҳосибӣ, пардохти маблағи андозҳо, инчунин ҳисобу китоби пардохтҳои гумрукӣ ва ғайра истифода мешавад.
Тағйири қурби пули миллӣ нисбат ба рубл бар асари поинравии қурби рубл пас аз хеле паст шудани нархи нафт сурат пазируфт.
Дар марказҳои бонкии мубодилаи асъори Тоҷикистон қурби рубли нақд рӯзи душанбе ба андозаи беш аз 10% – аз 145 сомонӣ то ба 130 сомонӣ поин рафт.
Айни замон қурби хариди рубл 128-130 сомонӣ барои 1 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Тавре ВАО-и Русия хабар медиҳанд, рӯзи 6-уми март дар ОПЕК+ (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) созиш ҳосил нашуда, аллакай рӯзи 9-уми март арзиши нафти тамғаи Brent 30% поин рафт ва то 31,02 доллар барои 1 баррел расид. Ин замон арзиши баррел дар сатҳи 32,7 доллар пасту баланд мешавад.
Рӯзи панҷшанбе замони пӯшида эълон шудани савдо дар биржаи Маскав қурби доллар нисбати рубл бо назардошти ҳисоби “фардо” то ба 74,85 рубл барои 1 доллар афзуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане создадут Дорожный фонд
Отсутствие идей и несуществующий черный список певцов. О чем рассказал новый глава Комитета по ТВ и радиовещанию?
Эмомали Рахмон поздравил Лукашенко с переизбранием на седьмой президентский срок
Более 40 тысяч афганских беженцев могут не впустить в США после жестких миграционных решений Трампа
В Петербурге задержали женщину за организацию незаконной миграции
Невостребованный потенциал. Почему в Таджикистане не популярны простые солнечные технологии?
Поезд, танк, монстр. Кто он такой, первый представитель Узбекистана в английской Премьер-лиге
«Остановил сепаратизм»: Зеленский пояснил, почему подписал указ о запрете переговоров с Путиным
Бобозода: «От родственников задержанных по "делу о госперевороте" жалоб не поступало»
Самый большой театр в Центральной Азии достроят в Таджикистане к осени 2026 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста