Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон изҳор медорад, ки дар моҳҳои январ-феврали соли 2020 сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна, рушди босуботи иқтисодии кишвар аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдои дохилӣ, хизматрасонии пулакӣ, боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардид.
Дар иттилоияи имрӯз интишоркардаи Вазорат қайд мешавад, ки вақтҳои охир пастшавии нархи ҷаҳонии нафт, коҳишёбии қурби асъор ва паҳншавии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, шарикони тиҷоратии Тоҷикистонн бетаъсир намонд.
“Вобаста ба ин Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии беруна ба иқтисоди миллӣ иборат аз як қатор тадбирҳои таъхирнопазир таҳия гардида, мавриди амал қарор дорад”, - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, нақшаи мазкур чорабиниҳоро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, иҷрои босифати буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои он, пардохти пурраи уҳдадориҳои иҷтимоӣ, бо ҷалби сармоягузориҳои давлативу мустақим сохта ба истифода додани коргоҳ ва корхонаҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки замин, зиёд кардани истеҳсол ва захираи маҳсулоти асосии ниёзи аввал ва таъмини бозор бо маҳсулоти озуқа пешбинӣ мекунад.
Зикр мешавад, ки масъалаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, бахусус, воридотивазкунанда ва таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, инчунин муътадилии нархҳо зери назорати доимии ҳукумати кишвар қарор дорад ва вазорату идораҳои масъул дар ин самт мунтазам чораҷӯӣ карда истодаанд.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дорои захираву имкониятҳои зиёди истеҳсоли молу маҳсулоти ниёзи аввал буда, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати истифодаи пурраю самараноки онҳо, инчунин таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва кам кардани вобастагӣ ба омилҳои беруна чораҳои амалӣ меандешанд”, - таъкид шудааст дар иттилоияи Вазорат.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 ноября 2024 года
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста