Дар муқоиса бо соли гузашта давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ҳаҷми содироти неруи барқро ба андозаи 52,6% коҳиш дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тӯли 2 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ҳамагӣ ба маблағи андаке бештар аз 3,7 млн доллар (2 моҳи аввали соли 2019 - беш аз 7,8 млн доллар) нерӯи барқ интиқол дода шуд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон неруи барқи худро асосан ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистону Ӯзбекистон содирот мекунад.
Тибқи маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, соли 2019 ба Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд 458,2 млн кВт/соат ва ба Ӯзбекистон – 1 млрд 425,1 млн кВт/соат барқ интиқол дода шуд.
Арзиши барқи Тоҷикистон барои Афғонистон дар соли гузашта 4,3 сент ва барои Ӯзбекистон – 2 сент (барои 1 кВт/соат)-ро ташкил дод.
Ширкати “Барқи тоҷик” ният дорад, ки имсол ба Афғонистон ба маблағи умумии наздики 70 млн доллар 1 млрд 588 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад.
Мувофиқи қарордоди имзошуда байни мақомоти марбутаи кишварҳо, арзиши нерӯи барқи Тоҷикистон барои Афғонистон ҳамасола ба миқдори 3% зиёд мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар бораи интиқоли барқ ба Ӯзбекистон дар соли равон то ҳол созиши ниҳоӣ ҳосил нашудааст.
Дар назар аст, ки қарордод дар ин хусус охири моҳи апрел зимни ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон имзо хоҳад шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ловушка для Тамкин. Или почему женщины в Таджикистане должны за себя постоянно бороться?
Как оформить банковскую карту в Таджикистане, а забрать - в России
«Не победила, но гордо представила свой народ». Сабрина Зухурова о своём участии в конкурсе Miss CosmoWorld
Власти Узбекистана планируют трудоустроить в развитых странах свыше 200 тысяч узбекистанцев
Ряд населенных пунктов ГБАО получили статус села, а некоторые переименованы
Чартерные полеты внутри Таджикистана: подробности от «Таджик Эйр»
"Кубок Евразии": триумф самбистов Таджикистана
«Мы живем в самой большой стране мира, но нас мало». Песков объяснил, почему России нужны мигранты
В Душанбе открылась сеть автомоек самообслуживания: быстро, удобно, экологично
Международные аэропорты в Таджикистане обязали платить авиавластям 10 центов за каждого пассажира
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста