“Хуруҷи COVID-19 ва хавфҳо барои рушд дар Русия – сарчашмаи асосии интиқоли пули муҳоҷирон ба бадшавии назарраси сохтори макромолиявӣ боис гардид”, - гуфта мешавад дар Пешгӯйии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъи макроиқтисодӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи 27-уми апрел интишор шуд.
Муаллифони гузориш интизор доранд, ки дар натиҷаи хуруҷи коронавирус ва сустшавии рушди иқтисод дар Русия ва Чин, имсол рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то 1,7% ва пасттар аз он коҳиш меёбад.
“Ин оқибатҳо аз босуръат поинравии ҳаҷми савдо ва пастшавии нарх ба ашёи хом, коҳиши имконпазири интиқоли пул ва бад шудани дурнамои рушд барои соҳаҳои нақлиёт ва сайёҳӣ иборат хоҳанд буд”, - таъкид мешавад дар пешгӯйӣ.
Иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки бо ҳамин сабабҳо имсол касри буҷет афзуда, имкони маблағгузории ҳаҷми зиёди хароҷот аз ҷониби ҳукумат маҳдуд мешавад.
Ҳамзамон сатҳи камбизоатӣ дар соли 2020 метавонад аз поинравии 29,5% дар соли 2017 то 27,4% дар соли 2018 начандон назаррас тағйир ёбад.
“Ҳукумат бо роҳи тавсеаи кумаки таъинотии иҷтимоӣ ба минтақаҳое, ки айни замон ба ин барнома фаро гирифта нашудаанд, метавонад сатҳи камбизоатиро коҳиш диҳад ва ба хотири ҷуброн ба хонаводаҳо дар робита ба болоравии тарифҳо ба хизматрасонии коммуналӣ дар доираи кумаки таъинотии иҷтимоӣ пардохтҳоро зиёд кунад”, - илова кардаанд коршиносони Бонки ҷаҳонӣ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.