Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ашт бо рафти ҷамъоварӣ, коркард ва содироти меваи зардолу аз наздик ошно гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода ҷумла аз хоҷагии деҳқонии “Дурахшон” боздид намуд. Хоҷагии деҳқонӣ дорои 20 гектар замин аст ва дар ҳамаи замини дар ихётиёрдошта боғи зардолу ташкил карда шудааст. Навъҳои “Мирсанҷалӣ” ва “Исфарак”, ки дар ин хоҷагӣ парвариш меёбад, харидорони сершумори худро дорад.
Гуфта мешавад, дар идома Раиси вилоят бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Зардолу ва К” шинос шуд. Дар корхона 55 нафар ба кор ҷалб гардида, то имрӯз тавассути ин ширкат 1350 тонна мева содирот гардидааст.
Бояд зикр кард, ки боғпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад маҳсуб ёфта, дар парваришу нигоҳубини боғоти зардолу боғдорони ноҳияи Ашт таҷрибаи калон доранд. Маҳз бо заҳмату талоши боғдорони ноҳия ҳамасола садҳо тонна меваҳои шаҳдбори ноҳия ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Имсол низ ин анъанаи нек идома ёфта, то санаи 12 июни соли ҷорӣ аз ноҳия 2720 тонна меваи тар тавассути 160 автомашина ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Аз ҷумла, 2687 тонна зардолу ва 33 тонна гелосу олу ба Федератсияи Россия ирсол гардидааст. Айни замон боз 5 автомашина вориди ноҳия шуда, барои содирот мева қабул карда истодааст.
Илова бар ин тавассути автомашинаҳои боркаши хурд ҳамарӯза то 20 тонна меваи тар бо нархҳои аз 1,5 сомонӣ то 2,5 сомонӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳо бароварда шуда, то имрӯз наздик 500 тонна, аз ҷумла 453 тонна зардолу ба фурӯш рафтааст.
Ҳамзамон ширкатҳои истеҳсолӣ низ барои харидории меваҳои шаҳдбори ноҳия ҳавасманд буда, аллакай корхонаи “Оби зулол” барои истеҳсоли афшура 22 тонна зардолу харидорӣ кардааст.
Раиси вилоят ба фаъолияти боғдорону ширкати истеҳсолӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати бештар намудани содироти маҳсулот, сари вақт ба анҷом расонидани чиниши меваҷот, таъмини бозорҳои вилояту ҷумҳурӣ бо меваҳои тару тоза дастуру супоришҳо дод.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста