Ба корҳои таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди канори бозори “Корвон” ширкати “Роҳсоз-7” машғул хоҳад шуд, ки мувофиқи шартҳои Бонки осиёии рушд (БОР) оид ба тендерҳои маҳаллӣ интихоб шудааст.

Тавре аз намояндагии БОР дар Тоҷикистон хабар доданд, маблағи қарордод 2,86 млн долларро ташкил дода, анҷоми корҳои таъмиру навсозии роҳ дар зарфи 180 рӯз пешбинӣ шудааст.

Таъмири 1,85 км масофаи роҳ дар доираи лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтар сурат мегирад, ки аз ҷониби БОР ва инчунин ҳаммаблағгузор – Фонди ОПЕК (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) оид ба рушди байнулмилалӣ сармоягузорӣ мешавад.

Моҳи ноябри соли 2016 БОР марҳилаи аввал ва моҳи марти соли 2018 марҳилаи дуюми лоиҳаи таъмиру навсозии роҳи автомобилгарди Душанбе – Бохтарро тасдиқ кард. Ҳаҷми умумии маблағгузории БОР ба ин лоиҳа 157 млн доллар бо шумули 108 млн доллар ба сифати грантро ташкил медиҳад.

Фонди ОПЕК 12 млн доллар қарз ҷудо кард. Дар назар аст, ки корҳои таъмиру навсозии роҳи Душанбе – Бохтар моҳи октябри соли 2021 ба анҷом расад.

Корҳои таъмиру навсозии роҳ аз бозори “Корвон” то дарвозаҳои ҷанубии пойтахт аз 10-уми июн оғоз шуданд. Мусофиркашҳои хурд (маршрутка) дигар то бозор намераванд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт танҳо пиёда роҳ рафта, то бозор мерасанд.

Инак, имрӯз чӣ гуна метавон то бозори “Корвон” расид? Ба харитаи мо бингаред:


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.