Ҳукумати Эрон дар бораи ифтитоҳи долони нав барои боркашонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бандарҳои ҷануби Эрон хабар медиҳад.

Мудири кулли Бюрои транзитии Эрон (IRICA) Мустафо Оятӣ рӯзи якшанбеи гузашта ба хабаргузории Mehr гуфтааст, долони Эрон-Афғонистон-Тоҷикистон-Қирғизистон баҳри равуои зудтари бору маҳсулот аз бандарҳои ҷануби Эрон ба давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст.

Ӯ қайд кардааст, ки истифодаи ба истилоҳ як ҳуҷҷати гумрукӣ, ки барои транзити байнулмилалии бор дода мешавад, барои ширкатҳои содиркунанда қулай хоҳад буд. Ин ҳуҷҷат имкон медиҳад, ки расмиёти азназаргузаронии бор содатар шавад.

Ба гуфтаи Оятӣ, аввалин панҷ мошини боркаши Эрон тариқи Афғонистон бо долони бози нақлиётӣ ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

“Ин хатсайри нав минтақаро барои тиҷорату рушд боз намуда, ба содиркунандагон ва ширкатҳои нақлиётӣ ҷиҳати сарфаи назарраси воситаҳову вақт зимни ҳамлу нақли бору маҳсулот шароити мусоид фароҳам меоварад”, - илова кардааст вай.

Қобили зикр аст, ки боркашонии автомобилӣ байни Тоҷикистону Эрон тайи ду соли ахир бидуни убури қаламрави Туркманистон амалӣ мешавад, зеро ин кишвар то ҳол бо сабабҳои номаълум ба автомашинаҳои Тоҷикистон убури қаламравашро иҷоза намедиҳад.

Сурат аз торнамои mehrnews.com

Бору маҳсулот аз Эрон тариқи қаламрави Озарбойҷону Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.