Ҳукумати Тоҷикистон баҳри дастгирии иқтисоди кишвар ба дастрас кардани кумаки бебозгашти ниҳодҳои молиявӣ ба маблағи ҳудуди 70 млн доллар умедвор аст.

“Бо мақсади дастгирии иқтисодиёти кишвар дар вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ дар оянда ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 52,5 млн доллар ва аз Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 16 млн. доллар дар назар аст, ки барои рушди иқтисодиёти кишвар ва низоми бонкӣ муҳим мебошад, - иброз дошт муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев зимни ҷаласаи васеи роҳбарияти БМТ бо роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ.

Ӯ қайд кард, ки бо ин мақсад дар нимсолаи аввали соли 2020 дар маҷмӯъ ба маблағи 300,8 млн. доллар маблағгузориҳо аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷалб карда шуд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Нуралиев, тавассути Хазинаи байнулмилалии асъор – 189,5 млн, Бонки ҷаҳонӣ – 11,3 млн, Бонки осиёии рушд - 50 млн ва Бонки рушди АвруОсиё – 50 млн доллар сармоягузорӣ ҷалб карда шудааст.

Зимнан таъкид шуд, ки дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар доираи ҳамкории БМТ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, дар ин давра аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор қарзи БМТ ба маблағи 11 млн доллар аз эътибор соқит карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.