Ба панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон беш аз 27 млрд сомонӣ (2,6 млн доллар) сармоягузории мустақим ҷалб шуд.
“Ҳаҷми сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ давоми 6 моҳи соли равон 27,5 млн сомониро ташкил дод, ки 17,1 млн сомонии он ба МОИ “Данғара”, 8,8 млн сомонӣ - ба МОИ “Суғд” ва 1,6 млн сомонӣ ба МОИ “Панҷ” равона гардид”, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода.
Ба гуфтаи ӯ, дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 66 корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба сифати субъектҳо ба қайд гирифта шудаанд: 29 корхона - дар МОИ “Суғд”, 21 - дар “Данғара”, 11 - дар “Панҷ” ва 5 - дар МОИ “Ишкошим.
Аз шумори умумии субъектҳои сабтшуда 20 корхона фаъолияти истеҳсолӣ, содиротӣ ва воридотиро амалӣ намуданд. Дигар субъектҳо ба сохтмон ва воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ машғуланд.
Вазир ҳамчунин таъкид дошт, ки дар ин давра дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ба маблағи 74,2 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудаааст. Тӯли 6 моҳ шумори кормандон дар ин минтақаҳо то ба 918 нафар расидааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Леса в Таджикистане: рубим сук, на котором сидим
Эмомали Рахмон встретился с Папой Римским
АБР предлагает Таджикистану для качественного роста устойчивую урбанизацию
Правительство Таджикистана направляет на Рогунскую ГЭС дополнительные 5,5 млн долларов
В высшей лиге Таджикистана произошла первая отставка тренера
В Бохтаре планируют построить 80 многоэтажных жилых домов
Zypl.ai: первый стартап из Таджикистана, получивший лицензию в ADGM и принявший участие в программе Hub71
Чем опасны таджикские колдуны?
Афиша от «Азия-Плюс»: «Кармен», «Маленький принц» и K-POP Party
Оползни и сели в Таджикистане подтопили дома и разрушили дороги
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста