Давоми моҳҳои январ-августи соли равон аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии андаке беш аз 46,4 млн доллар неруи барқ интиқол ёфтааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми интиқоли неруи барқ аз ҷумҳурӣ ба андозаи 39,3% кам шудааст.
Дар моҳҳои январ-августи соли гузашта Тоҷикистон ба Афғонистону Ӯзбекистон ба маблағи 76,5 млн доллар нерӯи барқ содирот карда буд.
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон тайи 8 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 5,6% коҳиш ёфт: аз 14,2 млрд кВт/соат давоми моҳҳои январ августи соли 2019 то ба 13,5 млрд кВт/соат дар ҳамин давраи соли равон.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли равон Тоҷикистон содироти барқро ба хориҷи кишвар қатъ кард. Ин тасмимро ҳукумат ба коҳиши маҷрои об дар дарёи Вахш ва мутаносибан мушкилоти ба таври кофӣ захира нашудани об дар обанбори Норак нисбат дод.
Аввали моҳи сентябр ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи ба таври кофӣ захира шудани об дар обанбори неругоҳи Норак ва барқарор шудани интиқоли барқ ба Афғонистон дод.
Зимнан зикр шуда буд, ки ширкати “Барқи тоҷик” масъалаи барқарор намудани содироти барқ ба Ӯзбекистонро низ баррасӣ дорад.
Соли 2019 ҳаҷми содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон 1 млрд 458,2 млн кВт/соат (ба маблағи 60,6 млн доллар) ва Ӯзбекистон - 1 млрд 425,1 млн кВт/соат (ба маблағи 28,5 млн доллар)-ро ташкил дод.
Соли гузашта арзиши барқи Тоҷикистон барои Афғонистон 4,3 сент (барои 1 кВт/с) ва Ӯзбекистон - 2 сент (барои 1 кВт/с) муқаррар шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Таджикистане в месяц Рамазан изменили график подачи света населению
В Казахстане насчитали 400 прорывоопасных гидротехнических сооружений
Таджикистан и Кыргызстан намерены восстановить прямые авиарейсы между двумя странами
В Австралии умер один из старейших доноров в мире. Его плазма спасла 2,4 млн детей
ЕАБР назвал причины роста китайских капиталовложений в экономики стран Центральной Азии
Если бы да кабы в Таджикистане прислушались к специалистам и фермерам
Кто избран в новый состав парламента, от какой партии и избирательного округа? Называем поименно
Таджикистан увеличил поставки электричества соседям почти в три раза
В Киеве состоялась презентация книги Садриддина Айни на украинском языке
Самые популярные автомобили, которые завозили в Таджикистан в 2024 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста