Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ 45,4% афзуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, то 31 августи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи умумии зиёда аз 14,7 млн доллар ҳудуди 108 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, беш аз 4,6 млн доллар зиёдтар мебошад.
Дар ин давра ҳаҷми содироти пиёз ба миқдори 84,5 ҳазор тонна (149,1% аз ҳаҷми соли гузашта), ангур - 2 ҳазор тонна (124,3%), хушкмева - 13,5 ҳазор тонна (121,1%) ва меваи тару тоза (2%) зиёд шудааст.
Қисмате аз ҳосили мева ва зироати полезӣ дар бозорҳои Русия, Қазоқистон, Чин ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо фурӯхта шудааст.
Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ таъкид доштанд, ки кашонидани маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар аз рӯйи тарифҳои имтиёзнок ба роҳ монда шуда, соҳибкорон бо нақлиёти маъсус таъмин карда шудаанд.
Зикр шудааст, ки ба туфайли шароити муҳайёшуда дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи “Долони сабз” назорати гумрукӣ пурсамар шуда, вақти анҷоми амалиёти гуногуни гумрукӣ кам шуд ва ин дар навбати худ, ба гардиши ҳарчи зудтари молу маҳсулот ва афзоиши ҳаҷми содирот замина фароҳам овард.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, майдони умумии кишт 857 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1% зиёдтар аст.
Бо мақсади истифодаи пурсамар ва оқилонаи замин дар майдони 61 гектар (то 1 июл) кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 2,9 ҳазор гектар бештар мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Учёба за рубежом. Доступные программы для студентов и школьников из Таджикистана
Госдума запретила брать в школы детей мигрантов без знания русского
В России назвали три сферы, которые будут остро нуждаться в трудовых мигрантах в 2025 году
Таджикские геологи нашли 15 площадей с проявлением редких металлов
В Таджикистане в конце недели ожидается резкое понижение температуры
Казахстан и Таджикистан вышли на новый уровень сотрудничества
5 важных проектов ЮНИСЕФ, которые работают в Таджикистане
Что скрывается за кулинарными традициями регионов Китая?
В Таджикистане появится новый профессиональный праздник
На остановках в Душанбе появились электронные табло
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста