Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро амалӣ намуда, қурби расмиро барои 1 доллари ИМА аз 10,30 сомонӣ баробар ба 11,30 сомонӣ муайян кард.
Дар бонки миллӣ инро коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ маънидод мекунанд.
Дар шарҳи БМТ доир ба ин масъала қайд мешавад, ки дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,7 фоиз (аз 9,6910 сомонӣ дар аввали сол то 10,3398 сомонӣ дар санаи 30 октябр) коҳиш ёфта, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои асосии дар ин давра баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар Тоҷикистон ва зиёд шудани талабот ба он, ин идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ ба кишвар ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷа, таъкид мешавад дар маълумот, фарқияти байни қурби расмии БМТ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тавассути анҷомдиҳии амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори ғайрибонкӣ аз меъёри муқарраршуда (2 фоиза) гузашта то ба 9,3 фоиз зиёд гардид.
Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки тасҳеҳи мазкур имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, манфиати интиқолдиҳандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гарданд, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад.
Таъкид мешавад, ки ҳамзамон, мутавозинии қурби пули миллӣ ба беҳтар намудани рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум мусоидат намуда, боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки мубодилаи асъор дар Тоҷикистон танҳо дар бонкҳо амалӣ карда мешавад. Барои баргузории амалиёти ғайрибонкӣ бо доллар ҷазо муқаррар шудааст: то маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 9 сол бо мусодираи молу амвол.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Признавать или не признавать талибов: Почему вдруг Россия решила оправдать террористов?
На дороге «Душанбе-Чанак» введены ограничения на проезд грузовиков
Канал Кош-Тепа может ежегодно приносить Афганистану в среднем $500 миллионов
В России остается все меньше трудовых мигрантов из Узбекистана
В Душанбе заработают радары и камеры, фиксирующие нарушения ПДД
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 июня 2024 года
«Салом, тобистон!»: как «Азия-Плюс» радовала детей
15 самых экологически чистых мест Центральной Азии
Рамзан Кадыров назначил племянника министром транспорта Чечни
Мубориз Усмонов выступит на Международном фестивале DREAM FEST в Азербайджане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста