Дар Душанбе сохтмони шоҳроҳи 8-қатории Душанбе-Чортут расман шурӯъ гардид, ки пойтахтро бо маҳаллаҳои атроф мепайвандад. Дафтари матбуотии шаҳрдории Дуқшанбе мегӯяд, ки шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳанӯз моҳи июли соли 2019 ба бунёди роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут заминагузорӣ карда буд.
Дар маросми боз шудани бунёди роҳ сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Сингх ширкат кардаас.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, паҳноии роҳ аз 40 метр иборат буда, 8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, як пул дар болои Канали калони Ҳисор ва як гузаргоҳи роҳи оҳан, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ, чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ, хати кабудизор, дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф, унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.
“Роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут тибқи нақша дар се марҳила бунёд мешавад. Марҳилаи аввал аз Дарвозаи Ғарбӣ то роҳи автомобилгарди Айнӣ, бо дарозии 4,2 км, марҳилаи дуюм аз роҳи автомобилгарди Айнӣ то роҳи автомобилгарди Шарора бо дарозии 3,2 км ва марҳилаи сеюм аз роҳи автомобилгарди Шарора то пайваст ба кӯчаи Раҳмон Набиеви маҳаллаи Чортут бо дарозии 1,88 км-ро дар бар мегирад”, - хабар медиҳад шаҳрдорӣ.
Гуфта мешавад, ки ин роҳ аз 9,2 километр роҳи автомобилгарди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ иборат аст, бо бунёди он мушкилоти зиёди мусофирону ронандагон ҳалли худро пайдо менамояд.
Иншоот дар доираи ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистону Ҳиндустон бо харҷи 46,5 миллион доллари ИМА сохта мешавад.
Лоиҳа дар доираи гранти 20 миллиондолларии кумаки Ҳиндустон ба Тоҷикистон, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ҷаноби Рам Натҳ Ковинд ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2018 эълон шуда буд, амалӣ мегардад.
Ҳиндустон дар соли 2020 баъди Чину Узбакистону Туркия чоруин кишваре будааст, ки аз ҳама беш ба Тоҷикистон ёриҳои башардӯстона кардааст - $3,2 млн.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В России предложили запретить рекламу услуг астрологов и гадалок
Кто назначен новым начальником управления уголовного розыска МВД Таджикистана?
Футбольная сборная Таджикистана нашла нового спарринг-партнера перед игрой с Филиппинами
Власти Узбекистана решили продать госдолю в 29 крупных компаниях
Проект «Хочу жить»: более 930 граждан Таджикистана были завербованы в армию РФ для участия в войне в Украине
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 апреля 2025 года
Уроженка Душанбе представит Таджикистан на конкурсе Шопена
17-летний сын главы Чечни стал секретарем Совбеза республики
Как прошло открытие Wildberries в Таджикистане?
Freedom Bank Tajikistan стал профессиональным участником рынка ценных бумаг Таджикистана
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста