Дар Тоҷикистон нархҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ боло мераванд. Дар ҳамин ҳол, касе ба захираи хӯрокворӣ шитоб надорад. Лекин на барои он, ки ба тағйири вазъ умедворанд, балки аҳолӣ барои захира пули кофӣ надорад.
Коршиносони маҳаллӣ қиматшавии хӯроквориро ба болоравии қурби доллар дар кишварҳои содиркунанда ва коҳиши воридоти маҳсулот бар асари пандемия вобаста медонанд.
Коршиносони дигар аз вазъи ба ин монанд дар саросари дунё ҳарф мезананд.
Масалан коршиноси русиягӣ Вазилий Узун дар ин робита изҳор доштааст, ки ояндаи наздик ҷаҳон ба гароншавии рекордии маҳсулот дучор мешавад.
“Бар асари пандемия даромадҳо зиёда аз 10% кам шуданд, маҳсулот гарон мешавад ва ин тамоил соли 2021 ҳам боқӣ мемонад. Сайёра ба нархҳои баландтарин ба маҳсулот дар тамоми давраи буҳронҳо наздик мешавад. Дар гурӯҳи шаҳрвандони камбизоат аллакй 50%-и даромадҳо ба маҳсулот сарф мешавад”, - иброз доштааст вай.
Нархҳо дар Тоҷикистон рӯз то рӯз боло мераванд. Ҳанӯз нимаи моҳи ноябр 1 кило гӯшти гов дар пойтахт 53 сомонӣ, 1 дона тухм - 1 сомонӣ ва 1 литр равған - 16 сомонӣ нарх доштанд.
Ахиран дар Тоҷикистон аз ҳама бештар маҳз равған - ҳам истеҳсоли маҳалливу ҳам хориҷӣ гарон шуд: нархи 1 литри он аз 20 сомонӣ зиёд шуд.
Ҳафтаи аввали моҳи декабр бошад, маҳсулоти ниёзи аввалияи хӯрокворӣ дар Тоҷикистон чунин нарх доштанд:
Гӯшти гӯсфанд, 1 кг: дар Душанбе – 55 с. Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ – 55 с. Нархи пасттарин дар кишвар: Мурғоб – 43 с. Нархи баландтарин дар кишвар: Истаравшан – 65 сомонӣ.
Гӯшти гов, 1 кг: дар Душанбе – 55 с. Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ – 52 с. Нархи пасттарин дар кишвар: Мурғоб – 42 с. Нархи баландтарин дар кишвар: шаҳри Турсунзода, Истаравшан – 60 сомонӣ.
Равғани пахта, 1 л: дар Душанбе – 17,50 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 17,80 с. Нархи пасттарин: Рашт – 17 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 19 сомонӣ.
Равғани растанӣ, 1 л: дар Душанбе – 18,80 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 19 с. Нархи пасттарин: Рашт, Исфара – 18 с. Нархи баландтарин: шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода – 20 сомонӣ.
Шир, 1 л: дар Душанбе – 5 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 4,40 с. Нархи пасттарин: Истаравшан – 3,30 с. Нархи баландтарин: Хоруғ, Мурғоб – 6 сомонӣ.
Орди гандуми навъи 1-ум, 1 кг: дар Душанбе – 5 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 5,15 с. Нархи пасттарин: Истаравшан – 4,70 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 5,80 сомонӣ.
Биринҷ, 1 кг: дар Душанбе – 15 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 14,95 с. Нархи пасттарин: Балхӣ, Истаравшан – 11 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 23 сомонӣ.
Қанд (шакар), 1 кг: дар Душанбе – 9,00 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 9,63 с. Нархи пасттарин: Душанбе – 9 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 11 сомонӣ.
Тухм, 1 дона: дар Душанбе – 1,13 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 1,22 с. Нархи пасттарин: Исфара, Истаравшан – 1,10 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 1,50 сомонӣ.
Карам, 1 кг: дар Душанбе – 2 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 2,88 с. Нархи пасттарин: шаҳри Турсунзода – 1,50 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 6 сомонӣ.
Картошка, 1 кг: дар Душанбе – 3,50 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 4 с. Нархи пасттарин: Шаҳристон, Рашт – 2,80 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 6 сомонӣ.
Пиёз, 1 кг: дар Душанбе – 2,20 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 2,35 с. Нархи пасттарин: Истаравшан – 1,60 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 3,50 с.
Сабзӣ, 1 кг: дар Душанбе – 2,50 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 2,60 с. Нархи пасттарин: Ҳисор, Исфара, Истаравшан – 1,50 с. Нархи баландтарин: Мурғоб – 6 сомонӣ.
Помидор, 1 кг: дар Душанбе – 9 с. Ба ҳисоби миёна дар кишвар – 11 с. Нархи пасттарин: Хуҷанд – 6 с. Нархи баландтарин: Исфара – 18 сомонӣ.
Тайи 10 соли охир ба ҷуз сабзавоту мева, дигар маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳисоби миёна 2-3 баробар қимат шуданд. Моҳи декабри соли 2010 нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ бо сомонӣ тариқи зайл буданд:
Гӯшти гӯсфанд - 21,17
Гӯшти гов - 19,92
Равғани пахта - 7,6
Равғани растанӣ - 8,33
Шир - 2.08
Орди гандуми навъи 1-ум - 2.27
Биринҷ - 5.48
Қанд (шакар) - 5.88
Тухм - 0.59
Карам - 1.48
Картошка - 1.41
Пиёз - 1.20
Сабзӣ - 0.98
Помидор - 7.7.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Далер Джума предложил создать в Душанбе Региональный координационный центр исследований ледников
Трое рабочих погибли в результате аварии на стройплощадке Рогунской ГЭС
Как Таджикистану сохранить уникальное природное наследие
В Таджикистане успешно проведены бариатрические операции более чем 100 пациентам с избыточным весом
В Кыргызстане запретили рекламу услуг гадалок и знахарей
Душанбе организовал новые туристические маршруты в честь Дня президента Таджикистана
"Добро пожаловать и с возвращением!". Байден принял Трампа в Белом доме
Сборная Таджикистана одержала крупную победу над Непалом
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 14 ноября 2024 года
Минеральные источники в Центральной Азии: где согреться в наступившие холода?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста