Болоравии арзиши молу маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонӣ дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ ба нишондодҳои дурақама наздик мешавад. Чунин сатҳи баланди таваррум дар кишвар тӯли 8 соли охир ба қайд гирифта нашуда буд.

Давоми моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ аз ҳама бештар нархи маҳсулоти хӯрокворӣ - ба андозаи 12,5% боло рафт, хабар медиҳад Агентии омори кишвар.

Нархи маҳсулоти ғайриозуқа ба андозаи 5,2% ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ - 3,8% зиёд шуд.

Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии кишвар тӯли 11 моҳи соли равон дар маҷмӯъ 8,9%-ро ташкил дод.

Сатҳи бештар баландтар тайи даҳсолаи ахир соли 2011 ба қайд гирифта шуда буд, ки он замон нархҳо ба молу маҳсулот ва тарифҳои хизматрасонии пулакӣ ба андозаи 9,3% боло рафта буданд.


Чӣ аз ҳама зиёдтар қимат шуд?

Маҳсулоти хӯрокворӣ:

Шакар (қанд) – 41,6%

Равған – 35,3%

Картошка – 20,1%

Тухм – 19,3%

Маснуоти нонӣ – 15,9%

Гӯшт – 6,2%.

Маҳсулоти ғайриозуқа:

Ангишт – 12,9%

Воситаҳои шустан – 10,1%

Маҳсулоти дорусозӣ – 8%

Масолеҳи сохтмон – 7,9%

Қисмҳои эҳтиётии нақлиёт – 6%

Матоъ – 5,5%

Гази моеъ – 5,4%.

Хизматрасониҳои пулакӣ:

Нархи роҳкирои сафар бо нақлиёти ҳавоӣ – 30%

Хизматрасониҳои маишӣ – 5,2%.

Соли 2019 нархи маҳсулот чӣ қадар боло рафт?

Таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон соли гузашта ба нишондиҳандаи рекордӣ тайи ҳафт соли охир – 8% расид. Арзиши чиҳо аз ҳама бештар гарон шуд?


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.