Қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи ноябр бо назардошти бақияи солҳои гузашта ҳудуди 72,5 млн сомонӣ (наздики 6,4 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.
Аввали моҳи октябри соли равон ҳаҷми умумии музди меҳнати пардохтнашуда ҳудуди 74,8 млн сомонӣ (6,6 млн доллар)-ро ташкил дода буд.
Афзоиши мунтазами қарз аз музди меҳнат давоми соли ҷорӣ боздошта шуда, аз моҳи ноябр камшавии он сурат гирифт.
Аз моҳи январи соли 2020 то аввали моҳи ноябр корфармоҳо ба коргарони худ аз пардохти музди меҳнат 40,1 млн сомонӣ қарздор шуданд, ки бо назардошти солҳои пешин, 55% аз ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад.
Қарзи аз ҳама зиёд дар соҳаи саноати коркард (22,2 млн сомонӣ), сохтмон (18,3 млн сомонӣ) ва истихроҷи канданиҳои фоиданок (15,5 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба аввали моҳи ноябр 1478 сомонӣ (130 доллар) ва ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал (минималӣ) - 400 сомонӣ (36 доллар)-ро ташкил дод.
Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи бонкдорӣ ва суғурта (3598 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2721 сомонӣ), бинокорон (2454 сомонӣ), кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2631 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 624 сомонӣ сабт шудааст.
Моҳи сентябри имсол ҳукумат дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ситоди корӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат таъсис дод. Ба ҳайати ситод роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони шаҳрдории Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ шомиланд.
Дар ҷаласаи аввали ситод ба сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки то охири соли равон мушкилоти мавҷуда дар ин самтро бартараф намуда, дар ин бора ба ситод ҳисобот диҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Новый прямой авиамаршрут Душанбе – Доха: Катар стал ближе без виз для граждан Таджикистана
Открытие таджикского химика из Канады украсило обложку престижного научного журнала
Транспортно-логистический форум в Душанбе наметил пути сотрудничества между ведущими таджикскими компаниями
В Узбекистане родителям запретили бить детей
Две бронзы выиграли таджикские борцы на поясах на ЧМ-2024 в Казани
В Душанбе отругавшая учеников за отсутствие формы учительница получила предупреждение руководства школы
Почему качественное топливо – основа долговечности и стабильной работы вашего автомобиля?
Насилие и рабство. Как положить конец ранним бракам в странах Центральной Азии?
IRENA и Азербайджан запустят программу зеленой энергетики в Центральной Азии
В Таджикистане впервые приняли закон «О социальном предпринимательстве»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста