Пандемияи коронавирус ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири назарраси манфӣ расонида, ба бахшҳои иҷтимоӣ ва тандурустӣ сарбории ҷиддӣ ба бор овард.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) аз 23 декабр қайд мешавад, ки дар натиҷаи коҳиши содироти қувваи корӣ ва коҳиши фаъолмандӣ дар иқтисод дар дохил ва хориҷи кишвар ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ба таври назаррас кам шуд.

Маълумоти моҳи август дар ин хусус мисол оварда мешавад, ки дар моҳи август нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта ба андозаи 25% коҳиш ёфтааст, ҳачанд дар умум, моҳи апрели соли ҷорӣ босуръат коҳиш ёфта, моҳи август андаке барқарор шудааст.

Ба ақидаи муаллифони гузориш, монеъаҳои пайдошуда ба иллати пандемия дар самти ихроҷи қувваи корӣ ба хориҷа ба афзоиши назарраси сатҳи бекорӣ оварда расонида, ин дар навбати худ ба камшавии истеъмоли ғизо боис гардид.

Ҳамчунин дучоршавии низоми тандурустӣ ба фишор дар натиҷаи афзоиши беморони коронавирус ва болоравии ҳиссаи аҳолии поинтар аз сатҳи камбизоатӣ қарордошта қайд мешавад.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки савдои хориҷӣ бо фурӯши фулузоти қиматбаҳо дар партави афзоиши босуръати арзиши онҳо дар бозори ҷаҳонӣ дастгирӣ шуд, ки инчунин ба коҳиши касри тавозуни савдо мусоидат намуд.

“Дар ифодаи пулӣ маблағи содироти фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ба нишондиҳандаи 690 млн доллар расида ҳудуди 58% аз ҳаҷми умумии содирот ба он рост меояд”, - таъкид мешавад дар гузориш.

Камшавии ҷамъоварии андозро дар зарфи 9 моҳ коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ба коҳиши “талаботи дохилӣ ва муваққатан сабукшавии сарбории андоз, ки дар давраи пандемия ба ширкат ва хонаводаҳо дода шуд”, нисбат медиҳанд.

Онҳо бар ин назаранд, ки Тоҷикистон дар ҳолати хавфи баланди муфлисшавӣ аз қарз қарор дошта, ҳама гуна қарзгирии нав бидуни имтиёз қарзи давлатро боз ҳам ноустувортар месозад.

Дар гузориш қайд мешавад, ки афзоиши воқеии ММД-и кишвар аз 7,2% дар 9 моҳи соли гузашта то ба 4,2% дар ҳамин давраи соли ҷорӣ суст шудааст.


Пешгӯйиҳо

Муаллифони гузориш пешгӯйӣ мекунанд, ки афзоиши иқтисод, ба гумони ғолиб, соли 2021 дар сурати дастрасӣ ба ваксина аз COVID-19 оғоз мегардад.

“Барқарор шудани афзоиши иқтисод дар кишварҳои ҳамсоя, бахусус Чин ва Русия савдои фаъолона, инттқоли пул ва сармоягузориҳои хориҷиро дастгирӣ мекунад. Мо афзоишро дар сатҳи 3,5% дар соли 2021 ва суръати бештар баландтарро дар солҳои минбаъда пешгӯйӣ мекунем”, - омадааст дар гузориш.

Зикр мегардад, ки дар дурнамои миёнамуҳлат фишори таваррум ба андозаи босубот шудани сатҳи нархҳо ба воридот бояд паст шавад.

Ҳамчунин афзоиши имконпазири аз ҷониби Тоҷикистон содирот шудани маҳсулоти ашёи хом бо назардошти барқарор шудани талабот ба онҳо дар хориҷи кишвар пешгӯйӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.