Бонки осиёии рушд (БОР) барои беҳбуди ҳолати роҳҳо дар вилояти Хатлон беш аз 67 млн доллар ҷудо мекунад.
Созишномаи дахлдорро вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи ваколатдори БОР дар Душанбе Анвар Маҳмудов ба имзо расониданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
“Арзиши умумии лоиҳа тақрибан 73 млн долларро ташкил медиҳад, ки аз он наздики 67,5 млн долларашро БОР ҷудо мекунад ва беш аз 5 млн доллар саҳми Тоҷикистон аст ”, - гуфта мешавад дар хабар.
Дар доираи татбиқи лоиҳа қитъаҳои роҳҳои автомобилгарди Данғара-Оқмазор (28,7 км) ва Ҳулбук-Кангурт (59,5 км), ки айни замон ҳаракатро мутаносибан барои 4 ҳазору 200 ва 1 ҳазору 300 мошин таъмин мекунанд, таъмиру навсозӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, мақсади асосии лоиҳа ба стандартҳои ҷаҳонӣ расонидани ҳолати қитъаи роҳи байналхалқӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, таъмин намудани бехатарии ҳаракат ва беҳтар намудани робитаҳои байналхалқӣ дар ҳудуди лоиҳа, инчунин баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ бо роҳи таъмини ҷойҳои нави корӣ дар давраи татбиқи лоиҳа мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати молия, амалисозии Лоиҳаи мазкур соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.