Афзудани қарзи берунӣ: хатар ба истиқлоли иқтисодӣ ё амнияти миллӣ
Дар поёни соли 2020 мавзуъи баргардонии қарзи давлатӣ, хусусан қарзи берунии Тоҷикистон як масъалаи доғ шуд. Ин мавзуъ замоне доғ шуд, ки хабарҳое нашр шуд, ки Тоҷикистон барои бозгардонии қарзҳояш имкониат надорад ва аз ин рӯ аз кишварҳову созмонҳои қарздиҳанда таътили қарзӣ хостааст. Яъне гуфта мешуд, ки Тоҷикистон ба дефолт наздик мешавад. Баъдтар вазорати молия бо нашри як баёния ин сару садоҳоро рад кард.
Вазорат гуфт, ки Тоҷикистон ин гуна дархост надодааст ва имкониати баргардонидани қарзҳояшро мутобиқи масъулиятҳояш дорад. Ба гуфтаи котиботи Вазорат дар соли 2020 бо назардошти хуруҷи коронавирус Тоҷикистон ба Ташаббуси кишварҳои 20-гонаи бузург (G20) дар мавриди мораторийи пардохти қарзи хориҷии кишварҳои дар ҳоли рушд ҳамроҳ шуд, вале «ҳадафи асосӣ аз пайвастан ба ин ташаббус сабук кардани паёмадҳои буҳрон тавассути ба мубориза бо коронавирус равона кардани хароҷоти давлатист, на халосӣ аз бори қарзҳо бар вазъияти моливии кишвар, тавре ки дар гузоришҳои нашршуда тасвир мешавад».
Вазорати молия гуфт, маблағҳое, ки аз ҳисоби ба таъхир гузоштани пардохти қарзҳои хориҷӣ дар дасти ҳукумат боқӣ мемонанд, ба таври иловагӣ барои маблағгузории соҳаи тандурустӣ равона мешаванд. Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, «то имрӯз тамоми уҳдадориҳои кишвар ҷиҳати хидматрасонии қарзи хориҷӣ саривақт ва пурра иҷро шудаанд, ки инро тамоми шарикони рушд ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ метавонанд тасдиқ кунанд”.
Вазъи қарзи давлатии Тоҷикистон
То 1-уми январи соли 2021 Қарзи давлатии Тоҷикистон ба $3,7 млрд. расид, ки, баробар 46,8% ММД-и кишвар аст. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи “Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ нисбат ба маҷмуи маҳсулоти дохилӣ набояд аз 60% боло бошад. Дар таркиби қарзи давлатии Тоҷикистон $3,2 млрд (85%) ба қарзи берунӣ ва $500 млн ба қарзи дохилӣ баробар аст. Ҳаҷми қарзи берунӣ дар соли 2020 $300 зиёд шудааст ва ҳаҷми қарзи дохилӣ, баръакс $200 млн кам шудааст.
Дар Стратегияи идоракунии қарзии кишвар ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ дар ҳоле на бештар аз 60% пешбинӣ мешавад, ки мувоқи қонунҳои иқтисодӣ агар қарзи беруни давлатҳои дорои иқтисоди заъиф баробар ба 50% (ё бештар аз он)-и ММД шавад, ин кишварҳо метавонанд ба дефолт наздик шаванд. Бино ба маълумоти дақиқи вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ММД Тоҷикистон дар соли 2020 82,5 млрд. сомониро ташкил додааст.
Бинобар эътирофи худи Вазорати молияи Тоҷикистон аз рӯи рейтинги баҳогузории миёнаи сиёсати ниҳодҳои кишвар (IPCC) кишвари мо аз соли 2016 ба гуруҳи кишварҳои дорои сиёсати самаранокиаш паст фароварда шудааст, ки имкониятҳои ками пардохти қарз доштани онро нишон медиҳад.
Тоҷикистон ният дорад дар соли 2021 барои пардохти қарзи берунияш $453 млн пардохт кунад. Қарзи берунии Тоҷикистон дар соли гузашта асосан аз ҳисоби қарзи Сандуқи байналмилали пул ба маблағи $190 млн афзудааст. Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Чин аст, ки $1,2 млрд қарзи берунии кишвари мо ба давлат рост меояд. Қарздорӣ ҳамчунин аз ҳисоби ба фурӯш баровардани вомбаргҳои давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои молии ҷаҳон $500 млн. долларо ташкил медиҳад.
Ҳамчунин Тоҷикистон қарзҳои қобили мулоҳизае, аз Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Хазинаи байналмилалии асъор дорад.
Зиёд шудани қарзӣ берунӣ ба иқтисоди Тоҷикисон чӣ хатар дорад?
Аз нигоҳи таҷрибаи ҷаҳонӣ доштани қарзи давлатӣ ё қарзи берунӣ, агар давлат дар идора карданаи он дасти боз дошта бошад, хатари бисёр калоне дониста намешавад. Хусусан агар вазъи иқтисодии давлат тавони пардохтпазирии қарзро кафолат дода тавонад.
Аммо он чи боиси хатар ба иқтисод ва ҳатто ба истиқлоли сиёсии давлат ва амнияти миллӣ рабт дода мешавад, зиёд шудани ҳаҷми қарзи берунии кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла Тоҷикистон, аст. Хусусан агар ба як қарздиҳандаи мушаххас, дар мисоли Тоҷикистон ба Чин, бахши бештари қарз рост биояд.
Ҳоло ҳеч давлати дунё бидуни қарзи берунӣ наметавонад иқтисоди худро пеш бибарад, ҳатто иқтисодҳои пешрафтаи дунё - ИМА 26,9 триллион доллар (107 % ММД), Чин $17 449 694 412 808 (52,6% ММД), Ҷопон $13 813 723 086 953 (237 % ММД) ва ғайра қарзи давлатӣ доранд. Албатта кишварҳое назири Кореяи Шимолӣ ҳам ҳастанд, ки аз берун қарз намегиранд, вале зиндагӣ дар ин кишвари барои мардум дастнорас бисёр ба сахтӣ пеш меравад. Аммо мавзуъи муҳим ва хатари асоии қарзи берунӣ дар бозгардонии онҳост.
Яке аз хатарҳои асосии қарзи берунӣ барои Тоҷикистон баргардонидани он ба арз ё асъори хориҷӣ мебошад. Тоҷикистон кишваре аст, ки маҳсулоти ками содиротӣ дорад, барои ёфтани арзи хориҷӣ мушкилиҳои зиёд мекашад. Хусусан дар солҳои ахир камчинии арзи хориҷӣ дар кишвар ба беқурбшавии пули миллӣ дар баробари арзи хориҷӣ оварда расонидааст. Шикояти сокинон ҳамарӯза дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад. Бонкҳо имкони додани арзи хориҷӣ, хусусан доллар ба мардумро надоранд.
Хусусан дар замоне, ки нархи маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон, аз ҷумла пахта ва алминий дар бозори ҷаҳони сол то сол поин меравад. Барои ҳамин баргардонии қарз бо арзи хориҷӣ қурби пули миллиро калаванда мекунад, ҳолате, ки имрӯз сомонӣ ба он гирифтор аст. Ин паҳлуи масъала ҳато ба устувории молияи давлатӣ ҳам таъсири манфии худро мерасонад.
Шохис (индикатор)-и асосии амнияти иқтисодӣ ҳаҷми қарзи берунӣ нисбат ба ММД аст. Мувофиқи меъёрҳои қабулкардаи Иттиҳодияи Аврупо сатҳи баландтарини он 60%-и ММД ва Хазинаи байналмилалии асъор 50% -и ММД аст.
Ҳарчанд сатҳи қарзи берунии Тоҷикистон то кунун ба ними ММД баробар нашудааст, аммо ба кишварҳое, ки иқтисоди заъиф доранд ва он бештар ба омилҳои ноустувор аз қабили пули интиқолмекардаи муҳоҷирон ва вазъи иқтисодии кишварҳои хос (Русияву Чин) вобастагӣ дорад, хатари ҷиддие дониста мешавад.
Аз ҷумла қарзи берунии Тоҷикистон вобастагии баланди иқтисоди миллиро аз кишвару ниҳодҳои қарздиҳанда нишон медиҳад. Хусусан ҷалби қарзу сармояи берунӣ барои пӯшонидани қисми хароҷоти буҷаи давлатиро иқтисоддонҳо хатар медонанд. Аз ҷумла: маблағгузории сармояҳоро дар хоҷагидории миллӣ маҳдуд мекунад; кам кардани ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ барои бахшҳои зарурии кишвар, хусусан бахши иҷтимоӣ; низоми молияи кишварро аз ҳад зиёд пойбанди захираҳои молиявии байнлалмилалӣ мекунад.
Хусусан кишварҳое, ки иқтисодашон бештар ба қарзи берунӣ вобаста аст, дар замони буҳронҳои молӣ ва иқтисодӣ, ба хатари мустақими дефолт рӯба рӯ мешаванд. Таҷрибаи талхи Юнон дар ин росто вуҷуд дорад. Баъди буҳрони соли 2008-2009 ҳаҷми қарзи ин кишвар ба 300млрд. долл. ё 113% ММД баробар шуда буд. Ҳоло он дар ҳудуди 179-180% ММД баҳогузорӣ мешавад.
Хатарҳо ба амнияти миллӣ
Дар кишварҳои рӯ ба рушд, хусусан рӯ ба рушди дорои иқтисоди заъиф, аз 50% зиёд шудани ҳаҷми умумии қарзи берунӣ хатарҳои мушаххасеро ба амнияти миллӣ эҷод мекунад. Хусусан барои Тоҷикистон, ки қонунҳои иқтисодӣ ва равандҳои иқтисодӣ на ба таври табииӣ, балки бештар бар асоси бозиҳои ғайриқоидавии бозингарони иқтисодӣ пеш мераванд. Аз ҷумла инҳисорӣ шудани баъзе бахшҳои муҳими иқтисод ва соҳаҳои сердаромад, ба ғулҳои иқтисодӣ табдил шудани соҳибкорон ва бозингарони асосиии иқтисоди дохилӣ ва дар тавофуқ бо ҳам амал кардани онҳо, дар инҳисори гуруҳҳои хос мондани иқтисоди кишвар ва тавофути бисёр калон дар бахши содироту воридот ва сатҳи баланди фасод ва омилҳои зиёди дигар.
Вобастагии сахт ба кишварҳои қарздиҳанда ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, иқтисоди миллиро то як андозае таҳти фармони онҳо қарор медиҳад. Масъалан дар Юнон пардохт накардани 1,54 млрд. доллари СБП дар соли 2015 ба дефолт дар ин кишвар оварда расонид.
Вобастагии сахти кишвар ба як кишвари қарздиҳандаи хос низ ҷиддитарин хатар ба амнияти миллӣ дониста мешавад. Хусусан агар ин кишварҳо ба ҷуз манфиатҳои иқтисодӣ, агар ҳадафҳои хоси сиёсӣ ва геополитикӣ дошта бошанд. Дар Тоҷикистон ин нақшро Чин ва то андозае Русия бозӣ мекунанд. Тоҷикистон таҷрибаи талхи баргардонии қарз бо ин ду кишварро дорад.
Чин бузургтарин қарздиҳандаи Тоҷикистон: хуб ё бад?
Ҳоло наздик ба 50 дар сади қарзи берунии Тоҷикистон ба ин кишвар рост меояд. Тақрибан ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар 150 доллари амрикоӣ қарздор аст. Дар 12 соли ахир қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Чин (Эксимбонки ин кишвар) боқӣ мондааст, то ин дам, дар соли 1997 Русияву Ӯзбекистон буданд, ки ҳаҷми онҳо дар қарзи берунии Тоҷикистон мутаносибан 52% ва 31% буд. Ба як қарздиҳандаи хос рост омадани ниме аз қарзи берунии Тоҷикистонро иқтисоддонҳо яке аз хатарҳои асосии қарзи берунаи Тоҷикистон медонанд.
Аммо вазири молияи Тоҷикистон тобистони соли гузашта ин идаоро рад кард ва гуфт, ки ин маблағҳо аз Чин бо имтиёзҳо ҷалб мешаванд: “Имрӯз кулли кишварҳо аз имкониятҳои молиявии созмонҳо ва кишварҳои доро истифода мебаранд”.
Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ба Чин рост омадани қисми бузурги қарзи берунӣ ва ҳузури ин кишвар дар аксар бахшҳои иқтисодро "барои Тоҷикистон хатар дорад" мегӯяд. Ба назари ӯ, барои пойбанди иқтисоди кишваре ба мисли Чин нашудан, дар дарёфти қарз тавозун бояд риоя шавад:
"Аз давлатҳои дигар ҳам гирифтан даркор аст, то ин кишвар ба мо фишор наорад. Дар муносибат бо Чин хеле эҳтиёткор бояд буд, зеро ин кишвар асосан дар бахши истихроҷи маъдан қарзи бештар медиҳад, аммо барои рушди соҳаҳое, ки мардуми маҳаллии моро бо ҷойи кори хуб таъмин мекунад, қарз намедиҳад".
Чин бори аввал ба Тоҷикистон соли 2007 қарз дод - 184 млн доллар. Соли 2008 ҳаҷми қарзи ин кишвар то 500 млн доллар расид, ки болотар аз ҳама қарздиҳандаҳои Тоҷикистон буд. Аз ҷумла 289,7 млн доллар барои бозсозии роҳи Душанбе-Чаноқ дода шуд, ки баъди бозсозӣ пулакӣ шуд ва сарусадоҳои зиёде то кунун дар пай дорад.
Чин ба қарздиҳандаи асосии Тоҷикитон дар ҳоле табдил мешавад, ки баҳҳои пурсарусадои арзиву марзӣ бо Тоҷикистон дошт ва дар соли 2011 ба ихтиёри Чин во гузоштани қисме аз замини Тоҷикистон (1,1 ҳазор км кв) баҳҳои калонеро дар кишвар ба бор овард. Он замон гуфта мешуд, ки Чин барои ин кор қисме аз қарзҳои Тоҷикистонро бахшидааст, иттилоъе, ки расман ҳеч вақт таъсдиқ нашуд.
Ҳамчунин соли 2012 вақте бояд дубора масъалаи будубоши Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ҳал мешуд, бисёриҳо бар ин назар буданд, ки Тоҷикистон шонс дорад, барои тамдиди он иҷорапулии хубе талаб кунад. Аммо баъдҳо иттилое расонаӣ шуд, ки Тоҷикистон бар ивази бахшидани қисме аз қарзи берунияш аз ин кишвар ҳузури ин Пойгоҳоро барои 49 соли дигар ба таври ройгон тамдид кард.
Албатта баъди ин гуна зери таъсири қарздорони берунӣ рафтани кишвар обрӯйи ӯ дар радабандии ҷаҳонӣ латма мебинад, ки ин ба ҷалби сармоя ва маблағҳо ба дохили кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Хусусан Тоҷикистон агар дар баргардонии қарзҳо нотавонӣ нишон диҳад, ҷалби дубораи қарзҳову грантҳо барояш осон нахоҳанд буд.
Масъалан пас аз ҷанҷоли "пешниҳоди иттилои бардурӯғ" ва "истифодаи ғайриҳадафмандона"-и қарзҳои Сандуқи байналмилалии пул аз соли 2009 то 2020 ин созмон барои Тоҷикистон барномаи наверо тасдиқ накарда буд. Танҳо соли 2020 дар авҷи ҳамагирии коронавирус ва баъди муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон, СБП ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар қарзи даҳсола дод.
Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон нахуст гуфта буданд, ки ният доранд аз ин созмон 500 миллион доллар қарз гиранд. Коршиносони СБП пас аз арзёбии вазъи молӣ ва тавони пардохтпазирии Тоҷикистон хулоса карданд, ки кишвар наметавонад аз 220 миллион доллар бештар вом бигирад.
Аз ҷумла соли 2018 Бунёди субот ва рушди АвруОсиё, як созмони молиявии зери назорати Русия, ба далели иҷро нашудани чанд шарт ихтисоси 20 миллион доллар қарзи боимтиёзро ба Тоҷикистон қатъ карда буд.
Ҳамин гуна пойбандии зиёд ба қарзҳои берунӣ ба беқурбшавии коғазҳои қимматнок меовард, ки ин барои кишварҳои дар ҳолу рушд зарбаи бисёр ҷиддист. Қарзи берунии зиёдро коршиносон дар қатори омилҳои дар боло зикршуда, ҳамчунин дар ҳолати баланд будани сатҳи бекорӣ, хеле боло будани сатҳи фасод, кам будани истеҳсолоти дохилӣ ва сатҳи баланди андоз зарбаи ҷонкоҳе ба рушди иқтисоди миллӣ ва амнияти миллӣ медонанд.
* Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.
Что говорили власти России о мигрантах после "крокуса" и что говорят сейчас?
Для успешной борьбы со СПИДом необходимо защищать права каждого
Зеленский заявил о готовности заморозить войну с Россией в обмен на членство в НАТО
Какую погоду ожидать в Таджикистане в декабре?
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами
Инновации в сельском хозяйстве и новые законы: президент провел заседание правительства
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Мобильная связь под контролем МВД, пик рубля, нехватка воды в Нуреке и нерабочая горячая линия для мигрантов
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 ноября 2024 года
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста