Ҳарчанд гуфта мешавад дар шимоли кишвар дар соли гузашта 107 корхонаву коргоҳҳои нав таъсис ёфтаву 1570 нафарро бо кор таъмин кардаанд, аммо дар ин давра дар вилоят 26 корхона низ аз кор мондаанд. Бар асари аз кор мондаи ин корхонаҳо 238 нафар низ ҷойи кори худро аз даст додаанд, гуфтанд дар Сарраёсати омори вилояти Суғд ба “Азия-плюс”.
Ҳамзамон тибқи маълумоти дарёфтӣ 17 корхонаи дигари вилоят, ки бештар аз 900 корманд доранд камобеш ду сол мешавад, ки фаъолият намекунанд ва ё дар ҳоли барҳамхӯрӣ қарор доранд.
Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки ин корхонаҳо бо сабаби рақобатпазир набудан дар бозор, набудани фармоишгар ва талабот ба маҳсулоти онҳо, ҳамчунин қарздорӣ аз андозу бонк зиёда аз 2 сол мешавад, ки фаъолият намекунанд.
Масалан дар Мастчоҳ ҶСК "Ҳасан Абдулов" ки ба коркарди нахи пахта машғул буд, бо сабаби қарздории андоз аз соли 2018-ум ин ҷониб кор намекунад. Ё фаъолияти ҶСП "Дорис", ки ба истеҳсоли равғани растанӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сару кор дошт, бо ҳамин сабаб аз соли 2017-ум ин ҷониб аз фаъолият бозмондааст. ҶСК "Комбинати маъдантозакунии Адрасмон", дар шаҳри Гулистон, ки консертрати сурб ва нуқра истихроҷ мекунад, бо сабаби дар бозори ҷаҳонӣ паст рафтани нархи маҳсулот аз соли 2013 ба ин сӯй кор намекунад. Ҳоло ҳукуматдорони вилоят талош мекунанд, ки ин корхонаро, ки беш аз 500 корманд дошт, фаъол гардонанд.
Гуфта мешавад корхонаҳое, ки барҳам хӯрдаанд, асосан дар шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ (3 корхона), Конибодом (4), Спитамен (3), Хуҷанд (2), Деваштич (2), Гулистон 1 ва ноҳияи Ғафуров 2 корхона будаанд.
39 корхона ва 68 коргоҳҳое наве ки соли 2020-ум дар ҳуддуи вилоят таъсис ёфтаанд, бештар ба истеҳсолу дӯхти либоси мактабӣ, ниқобҳои тиббӣ, маҳсулоти қаннодӣ, истеҳсоли хишти хому пухта, мебел, семент, коркарди сангҳои табиӣ, қубурҳои оҳанӣ ва плостикӣ, коркарди меваи хушк, регу шағал, дару тирезаҳои алюминий, истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухм, истеҳсоли пойафзол, коркард ва ба навъҳо ҷудокунии партовҳо, истеҳсоли рангҳо, шоколад, коғаз ва коғази ташноб, шифер, масолеҳи сохтмониву бетонӣ, тилло, коркарди консенрати флюорит, орд, маҳсулоти ороишӣ ва гигиенӣ (собун ва хокаи ҷомашўӣ) ва монанди инҳо машғуланд.
Дар Хуҷанд, ки яке аз шаҳрҳои бузурги саноатӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, соли 2020-ум 17 корхонаи нави истеҳсолӣ, ки гуфта мешавад 427 ҷойи корӣ фароҳам кардаанд, ташкил шудааст. Шумораи умумии коргоҳу корхонаҳо дар маркази вилоят 165-то ҳисоб шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҷумҳурӣ наздики 2,3 ҳазор корхонаи саноатӣ мавҷуданд, ки наздик ба 700-тои он дар вилояти Суғд қарор доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Любовь к природе и простому труженику. В Душанбе открылась выставка художника Фарруха Негматзаде
Как таджикские кавалеристы не дали немецкой армии вырваться из Сталинграда
Под натиском парниковых газов и пылевых бурь. Как остановить исчезновение ледников в Таджикистане?
Каких животных нельзя держать в столице? Напоминаем правила, ведь штрафы возросли
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 февраля 2025 года
Январская "чистка", иранские инвестиции, "дело о госперевороте" и страхи таджикских мигрантов: важные события января-2025 по версии "Aзия-Плюс"
Ярко, весело и с размахом. Как в Душанбе отметили праздник Сада
В Филадельфии на жилые дома рухнул самолет медицинской эвакуации
Сборная Таджикистана на Азиаде-2025 в Китае оказалась самой малочисленной среди стран Центральной Азии
Что делать, если инспектор ГАИ снимает номера с вашей машины?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста