Ҳукумати Тоҷикистон ҳам мувофиқи қонунгузории дохилӣ ва ҳам бар асоси масъулиятҳои байналмилалӣ ва тааҳҳудоте, ки бо созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ дорад, бояд дар мавриди хараҷоти буҷаи давлат ҳисоботи муфассал пешниҳод кунад ва шаффоф будани хароҷоти буҷаро таъмин намояд. Ин ҷо ҳарф дар бораи пешниҳоди гузориш ба мардум – ба сарчашмаҳои асосии даромади буҷа, яъне андозсупорандагон ва пардохткунандаҳои дигар манбаъҳои ғайриандозии буҷа меравад.
Гузашта аз ин гузоришдеҳии ҳукумат ба мардум як амри муҳими ҷомеаи демкоратӣ буда, ҳукумати Тоҷикистон тибқи Қонуни Асосӣ, вазифадор аст, принсипи гузоришдеҳӣ ба мардумро риоя кунад.
Аммо ин кор – гузориши муфассал ва бо ҷузъиёти сарфу харҷи буҷа ба мардум сурат намегирад. Албатта ҳамасола дар поёни соли молӣ Вазорати молия як ҳисоботи мухтасаре дар бораи хароҷоти буҷа дар сомонааш ҷой мекунад, ки аз он ба ҷуз рақамҳои зиёд чизи дигаре фаҳмида намешавад.
Қонун чӣ мегӯяд?
Бар асоси моддаи 8 (принсипҳои низоми буҷаи давлатӣ)-и қонун «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкоро будани раванди буҷавӣ барои расонаҳо ва ҷомеа ҳатмӣ аст.
“Ошкоро будани буҷаҳо, ки маънои интишори ҳатмии буҷаҳои тасдиқшуда ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо дар воситаҳои ахбори омма, пурра пешниҳод намудани ахборот дар бораи рафти иҷрои буҷаҳо, дастрас будани маълумоти дигар дар бораи буҷаҳо, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, инчунин ҳатман ошкоро будани раванди буҷаӣ барои ҷамъият ва воситаҳои ахбори оммаро дорад”.
Мутобиқи ҳамин қонун ҳукумати иҷроия вазифадор аст, ки аз иҷрои буҷа гузориш бидиҳад. Ҳукумат дар назди мардум ҳам мустақим ва ҳам ғайримустақим (дар назди вакилони мардум дар порлумон) бояд ҳисобот бидиҳад.
Қонунгузории кишвар ҳукуматро вазифадор кардааст, ки ҳисоботи солонаро дар бораи иҷрои буҷаи давлатӣ пас аз тасдиқ шудани он аз тарафи Маҷлиси намояндагон дар воситаҳои ахбори омма нашр намояд.
Аммо қонунгузор мушаххас накардааст, ки кадом намуди ҳисобот. Вазорати молия ҳамсола “Ҳисобот оиди иҷроиши Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро пешниҳод мекунад, ки он дар бархе нашрияҳои расмӣ ва сайти худи вазорат нашр мешавад. Аммо ин ҳисоботи вазорат бештар арқом ва маълумоти умумӣ буда, ҷузъиёти масрафи буҷаро, ки дар кадом соҳа ва дар кадом минтақаи кишвар чӣ қадар масраф шуд, дар бар намегирад.
Масалан дар ҳисоботи иҷрои буҷа дар соли 2020 дар бахши маориф омадааст, ки нуздаҳ дар сади буҷа ба ин бахш равона шудааст. Ин танҳо як рақами оморӣ аст. Аз ҷумла гуфта мешавад барои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамин қадар маблағ масраф шудааст, вале аз ин маблағ чӣ қадараш барои чӣ сарф шудааст гуфта намешавад. Яъне ҷузъёт нест. Масъалан маълум нест, ки аз маблағи нишондодашуда чӣ қадар барои маош сарф шудаасту чӣ қадар барои бунёди мактабҳои нав ё чӣ қадар барои гарм кардани мактабҳо дар зимистон. Аз ҳамин хотир ҳатто баъди нашри ин навъи ҳисобот ҳам андозсупоранда-шаҳрванд намедонад, ки буҷет дар бахши маориф бештар барои чӣ сарф шудааст.
Вазири молия чӣ мегӯяд?
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон моҳи апрели соли 2019 зимни посух додан ба саволҳои корбарони фейсбук дар гуруҳи “Ахбор барои афкор” ба суоли ин ки “хуб мешуд, ки вазир ҳамасола оид ба тақсимоти буҷа дар назди халқ ба воситаи ВАО баромад кунанд, ки ба кадом соҳа чанд сомонӣ ҷудо шудааст? (Оид ба шаффофияти буҷа)” чунин посух медиҳанд.
“Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Вазорати молия тамоми маълумоти заруриро оид ба таҳия ва иҷроиши Буҷаи давлатиро дар муҳлатҳои муайяншуда дар сомонаи расмии Вазорат ҷойгир менамояд”.
Вазир ҳамчунин бо ишора ба баргузор шудани нишастҳои матбуотӣ посух медиҳад, ки “аз ҷумла, аз ҷониби роҳбарияти Вазорати молия низ, дар як сол ду маротиба нишасти матбуотӣ баргузор карда шуда, дар он оид ба фаъолияти вазорат, иҷроиши қисми даромад ва хароҷоти Буҷаи давлатӣ, ислоҳоти соҳаи молия, инчунин вобаста ба дигар масъалаҳо марбут ба фаъолияти Вазорат маълумоти муфассалл пешниҳод мегардад”.
Аз посухи вазир ҳамин гуна дарк кардан мумкин аст, ки ҷонибдори дар назди мардум ҳисобот додани масрафи буҷа бо ҷузъиёташ нест.
Аммо вазир дар посух ба суоли дигар “ чаро маълумот оид ба таҳия, тасдиқ ва иҷрои буҷа ба сомонаи Вазорати молия саривақт ва пурра ҷойгир карда намешаванд?” - ба як масъулияти байналмилалии Тоҷикистон - Шарикии байналмилалии буҷаӣ, ишора мекунад?
“Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб дар ташаббуси Шарикии байналмилалии буҷаӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри баланд бардоштани индекси шаффофияти буҷаи давлатӣ, татбиқи стандартҳои пешқадами байналмилалӣ дар раванди буҷаӣ ва ташкили механизми ҷалби шаҳрвандон дар он корҳои зиёдро ба сомон расонида истодааст. Айни замон Индекси шаффофияти буҷаи давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун нишондиҳандаи муҳими арзёбии самаранокии иҷроиши ислоҳот дар самти идоракунии молияи давлатӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи баҳодиҳии ташаббуси Шарикии байналмилалии буҷаӣ аз рӯи индекси шаффофияти буҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015-ум 25 хол ва аз натиҷаи баҳодии соли 2017-ум 30 хол гирифтааст”.
Порлумон чӣ мегӯяд?
Порлумони Тоҷикистон ҳамеша ба ҳисоботе, ки ҳукумат (вазорати молия) пешниҳод мекунад қаноат карда, ҳеч гоҳ онро ба баҳс накашидааст. Танҳо замоне тарҳи буҷа, аз ҷумла иҷро шудани даромаду хароҷоти онро замоне ба баҳс мекашанд, ки дар ин росто мушкиле пеш биояд. Масалан дар соли 2019 раиси порлумон Шукурҷон Зуҳуров ҳангоми тасдиқи буҷаи соли 2020 гуфт, ки бино ба натиҷаҳои 9 моҳи соли 2019, даромади буҷа аз ҳисоби андоз иҷро нашудааст ва дар буҷаи соли оянда нақшаи даромад аз андоз боз ҳам бештар муайян шудааст.
Вай аз масъулони Кумитаи андоз пурсид, ки он чӣ гуна иҷро хоҳад шуд? "Соҳибкорон аз кишвар баромад рафта истодаанд. Муносибат ба онҳо хуб нест ва ин ҷойи ташвиш аст",-гуфт ӯ.
Аммо вакилони дигар тарҳи буҷа ё сарф шудани онро ба баҳс намекашанд. Масъалан вакилон ба ин соҳа кам ё ба он соҳа зиёд ҷудо шудани маблағҳои буҷетиро баҳс намекунанд. Барои ин борҳо порлумон таҳти танқид қарор гирифтааст. Аммо худи вакилон мегӯянд онҳо тарҳи ҷонуни буҷаро дар Кумитаҳо ва шӯро бештар баррасӣ мекунанду дар ҷаласаи умумӣ таъйид мекунанд. Вале дар бораи чигунагии баррасии онҳо ҳеч маълумоте ба ҷомеа, аз ҷумла расонаҳо пешниҳод намешавад.
Коршиносон чӣ мегӯянд?
Коршинсон дар мавриди пешниҳоди муфассал аз сӯйи ҳукумат дар мавриди масрафи буҷа назари гуногун доранд. Бархе аз онҳо пешниҳод шудани ин навъи ҳисоботро як амри зарурӣ медонанд. Аз ҷумла Ҷамшед Шоҳзода, муҳаққиқи ва таҳлилгари тоқик, ки ҳоло дар Донишгоҳи дӯстии халқи Русия дар бахши аспирантура таҳсил мекунаду дар мавзуъи гузоришдеҳии ҳукуматҳо кори илмӣ мекунад, мегӯяд дар аксари кишварҳое, ки пойбанд а ба усулҳои демкоратӣ ҳастанд, ин навъи ҳисобот вуҷуд дорад.
“Одатан аз ҳисоботи муфассал ва бо ҷузъиёт барои он худдорӣ мекунанд, ки ҳисобу китоби дақиқ хеле кам вуҷуд дорад. Ва баъда агар ҳисоботи муфассал нашр шавад хеле чизҳоеро, ки мардум намедонанд, ошкор мешаванд. Барои ҳамин гузоришҳо бештар умумиянд”.
Аммо Муҳаммаднаим Мирсаидов, муовини директори Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионии Донишгоҳи технологӣ мегӯяд, ки худи раванди таҳияи буҷет дар Тоҷикистон демкоратӣ ва шафоф аст.
Мардум чӣ мегӯяд?
Аксарияти мардум ҳам дар Тоҷикистон ҷонибдори онанд бидонанд, ки маблағҳояшон барои чӣ масраф мешавад.
* Матлаб бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”, бо маблағгузории Вазорати Корҳои Хориҷӣ ва Рушди Байналмиллалии Британиёи Кабир (FCDO) ва дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст.
Сборная Таджикистана поднялась в рейтинге ФИФА
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 29 ноября 2024 года
Как в Таджикистане дискриминируют беременных женщин
Что сказал Эмомали Рахмон коллегам по ОДКБ?
Путин на заседании ОДКБ объявил о начале серийного производства «Орешника»
Завершилась акция «VISA Direct» Банка Эсхата: кто стал обладателем «iPhone 15»?
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста