Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзаш ба Маҷлиси Олӣ ба Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатӣ дастур дод, ки барои аз байн бурдани санҷишҳову тайфтишҳои ғайриқонунӣ ва дахолат ба кори соҳибкорон санади далдорро омода кунад, то Ҳукумати Тоҷикистонро онро қабул кунад.
"Инчунин, барои аз байн бурдани ҳолатҳои санҷиши ғайриқонунӣ ё дахолат ба фаъолияти сармоягузорону соҳибкорон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад".
Ба назари Раҳмон ҳоло саҳми “бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 70 фоиз, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат 80 фоизро ташкил медиҳад”.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ ва амалисозии лоиҳаҳои инфиродии таҷдиди сохтори субъектҳои инҳисори табиӣ ва корхонаҳои азими давлатӣ то 90 фоизи дороиҳои давлатӣ ба бахши хусусӣ дода шуданд.
Дар Тоҷикистон ҳам коршиносону соҳибкорони ватанӣ ва ҳам сармоягузорону созмонҳои байналмилалӣ аз зиёд будани ниҳодҳои санҷишгар ва мавридҳои дахолат ба кори соҳибкорону истеҳсолкунандагон ҳамеша шикоят мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 вақте бо мақсади эҷоди шароити мусоид барои соҳибкорӣ дар кишвар мораторияи дусолаи санҷиши соҳибкорон эълон намуд, гуфта буд, ки дар Тоҷикистон 78 ниҳоди санҷишгар мавҷуд аст, ки вазифаҳои якдигарро дунбол мекунанд. Дар мулоқоти ахир бо намояндагони бахши саноат президент аз номуассир воқеъ шудани имтиёзҳои додашуда ба корхонаҳо изҳори нигаронӣ кард ва аз ҳукумат талаб намуд, ки корро дар ин самт ҷоннок кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
«Я не ищу признания, я хочу передать знания». Камолуддину Абдуллаеву - 75 лет
СМИ: Россия и США уже несколько месяцев ведут тайные переговоры
В Китае вирусологи выявили у летучих мышей новый коронавирус
Власти возобновили расследование дела сотрудников "Агроинвестбанка" спустя три года
Банк «Эсхата» выбрал певца Фарруха Хасанова своим амбассадором в 2025 году
Как в таджикском селе, где нет электричества, жители используют энергию солнца
Агент Кова Тилавпур объяснил, почему игроки с таджикскими корнями из РФ не играют за сборную Таджикистана
Как выбрать автомобиль для девушки? Полный гид с советами эксперта
Замглавы Исфары оштрафован за продажу земли, но пока остается на своем посту – Агентство по борьбе с коррупцией Таджикистана
Аденома простаты, отсутствие эрекции и бесплодие: какие мужские болезни лечат в клинике «Евромед»?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста