Лоиҳаи пешакии Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони сатҳи байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ, намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ, ассотсиатсияҳо ва доираи бахши хусусӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия карда шуда, барои баррасии омма пешниҳод мешавад, хабар медиҳад котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ

Бо лоиҳаи пешакии Кодекс дар сомонаи www.itcmf.tj/kodeks шинос шудан мумкин аст.

Вазорати молия таъкид месозад, ки Лоиҳаи мазкур ҳуҷҷати ниҳоӣ набуда, дар доираи таклифу пешниҳоди асосноки шаҳрвандон такмил дода шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии ҳукумати Тоҷикистон ирсол мегардад.

Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон дархост мешавад, ки ҷиҳати такмил ва мукаммалгардонии лоиҳаи мазкур таклифҳои худро мутобиқи намунаи дар сомонаи дар боло зикршуда ё ба тариқи хаттӣ ба Вазорати молияи Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Академик Раҷабовҳо 3 ирсол намоянд.

Муҳлати таклифу пешниҳодҳо то 25 феврали соли равон муқаррар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2019 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин масъала дастур дод, ки лоиҳаи нави Кодекси андоз бо назардошти манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони кишвар таҳия карда шавад.

Моҳи феврали соли гузашта раҳбарияти Вазорати молия хабар дод, ки Кодекси нави андоз бояд то моҳи сентябри соли 2020 мавриди амал қарор гирад, то ки бар асоси он сохторҳои дахлдор буҷети соли 2021-ро таҳия намоянд.

Лекин қонунгузории нави андоз дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарор нагирифта, дар Кумитаи андоз сабаби ба таъхир афтодани қабули Кодекси навро пандемияи коронавирус маънидод карданд.

Президенти ҷумҳурӣ зимни ироаи паёмиба парлумон моҳи январи соли равон аз Вазорати молия ва сохторҳои дигари ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, ки Кодекси андозро дар таҳрири нав то моҳи марти соли 2021 омода карда, ба баррасии ҳукумат пешниҳод кунанд.

Президент дастур дод, ки дар таҳияи Кодекси нави андоз ба масъалаи додани сабукиҳо ба соҳибкорон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ кунанд.

Дар раддабандии охири Бонки ҷаҳонӣ “Пешбурди тиҷорат”, ки ба муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузории кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи 10 меъёр баҳо дода мешавад, Тоҷикистон бо касби 61,3 имтиёз аз 100 имтиёзи имконпазир зинаи 106-умро ишғол намуд. Аз рӯйи меъёри “андозбандӣ” дар ин раддабандӣ Тоҷикистон дар зинаи 139-ум қарор дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.