Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зимни нишасти матбуотии имрӯза, 16 феврал хабар дод, ки соли 2020 ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми 428 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон асосан аз Чин (зиёда аз 150 млн доллар), Арабистони Саудӣ (39 млн доллар) ва Филиппин (38 млн доллар) сурат гирифтаанд.
Раиси Кумита таъкид дошт, ки ҳудуди 162 млн долар аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷӣ ба сармоягузориҳои мустақим рост меоянд.
Ӯ қайд кард, ки дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ба андозаи 53% кам шуданд.
Қодирзода бо истинод ба ниҳодҳои маъруфи байнулмилалӣ зикр кард, ки соли 2020 дар саросари дунё ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба миқдори 42% коҳиш ёфта, имсол 5-10% камшавии онҳо дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Кумита, айни замон дар Тоҷикистон 70 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии наздики зиёда аз 3,5 млрд доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад.
Ҳудуди 50% маблағгузории лоиҳаҳои амалишаванда бар асоси қарзҳо ва 45% - бар асоси кумаки бебозгашт (грант) сурат гирифта, боқимондаро ҳиссаи маблағгузории ҳукумат ташкил медиҳад.
Ин маблағҳо ба барқарор ва рушди низоми нақлиёту энергетика, соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши кишоварзӣ ва обёрӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар самтҳо равона мегарданд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Барномаи қарзҳои давлатии хориҷӣ ният дорад, ки дар се соли наздик баҳри татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 1 млрд 160 млн доллар қарзи хориҷӣ дастрас кунад.
Аз ҷумла, соли 2021 ҷалби 452,9 млн, соли 2022 - 459,7 млн ва соли 2023 - 246,8 млн доллар ба нақша гирифта шудааст.
Дастрасии ин маблағҳо асосан аз ҳисоби Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд, Фонди Саудии рушд, Фонди Кувейтии рушд, Бонки содиротиву воридотии Чин (Эксимбонк), Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки авруосиёии рушд ва дигар мададрасонон маблағгузорӣ мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Безлюдные улицы, испуганные жители: репортаж из кишлака в Канибадаме, где за одну ночь убили 4 человека
В Узбекистане планируют ввести оплачиваемый отпуск для мужчин при рождении ребенка. Как с этим в Таджикистане?
Ахмед аль-Шараа отверг подозрения, что он хочет превратить Сирию в подобие Афганистана
ВБ и Швейцария помогут Таджикистану с расширением цифровой экономики
Huawei открывает новую главу концепции ULTIMATE DESIGN
Кому в Таджикистане достанутся бюджетные субвенции в наступающем году?
Таджикский спортсмен Обид Джебов получил в Японии приз за лучшую технику
«У нас нет сил, чтобы вернуть их». Зеленский — о Крыме и Донбассе
Талибы договорились теперь и с Ташкентом о поставках электроэнергии в 2025 году
Всемирный банк даст Таджикистану $350 миллионов на достройку Рогунской ГЭС
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста