Чор сол инҷониб бонкҳои мушкилдори Тоҷикистон пулҳои амонатгузорони худро баргардонида наметавонанд. Имрӯз онҳо каме бештар аз миллиард сомонӣ қарздоранд.

Мушкилот дар бахши бонкии Тоҷикистон аввали соли 2016 возеҳ гардиданд. Ду бонки бузург - “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро, ки он замон зиёда аз нисфи бозори бонкии кишварро дар даст доштанд, ҳукумат бо роҳи маблағгузорӣ наҷот бахшиданӣ шуда, ду бонки дигар - “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” аз иҷозатномаи Бонки миллӣ маҳрум шуданд.

Дар натиҷа садҳо мизоҷони ин ташкилотҳои молиявӣ чандин сол инҷониб пулҳои худро баргардонида наметавонанд.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.