Моҳи январи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 3,3 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Қайд мешавад, ки кумаки мазкур бо вазни умумии қариб 387,3 тонна аз ҷониби 26 кишвари саросари дунё расонида шудааст.
Байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан зиёдтари қиёсӣ аз рӯйи арзиши кумаки башардӯстона ба Чин – 38,4%, Русия – 20,0%, Ҳиндустон – 13,3%, Нидерланд – 5,7%, Британияи Кабир – 5,1%, Шветсия – 2,5%, Олмон ва Дания – 2,1%-ӣ, Малайзия – 1,8%, Фаронса – 1,7%, Лаҳистон ва ИМА – 1,4%-ӣ, Норвегия ва Сингапур – 1,0%-ӣ ва дигар кишварҳо рост меояд.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 21 млн доллар кумаки башардӯстона фиристод, ки 37% аз ҳаҷми умумии чунин кумакро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, шумори умумии кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон дар соли гузашта ба 62 нафар баробар буд.
Соли 2020 ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 56 млн доллар кумаки башардӯстона расид, ки вазни умумии он қариб 23 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаи ахир Чин ба шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфта, аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ, инчуин пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок маввқеи пешсафро ишғол мекунад.
Ғайр аз ин, Чин ба сегонаи шарикони асосии савдои ҷумҳурӣ низ шомил буда, аз рӯйи ҳаҷми гардиши молу маҳсулот пас аз Русия ва Қазоқистон зинаи сеюмро ишғол мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аз оғози моҳи октябри соли гузашта ягона гузаргоҳи гумрукӣ дар сарҳади ду кишвар дар ағбаи Қулма баст боқӣ ммеонад, ки ба ҳаҷми гардиши мол байни давлатҳо таъсир мерасонад. Айни ҳол молу маҳсулоти Чин тариқи транзит бо кишварҳои сеюм ба Тоҷикистон оварда мешавад.
Тайи 10 соли охир кадом кишварҳо ба Тоҷикистон кумак карданд
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.