Коршиносони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) устувор гардидани ҷараёни қурби асъори кишварҳои узви ин муасисаро дар соли 2021 интизорӣ доранд.
Дар Гузориши макроиқтисодии рӯзи 31 март нашршудаи Бонк гуфта мешавад, аз аввали соли равон қурби асъори кишварҳои минтақа нисбат ба доллар ба таври кофӣ устувор боқӣ мемонанд.
“Болоравии нархи нафт ба ин мусоидат мекунад. Дар ҳамин ҳол таъсири хавфҳои геополитикӣ ба рубли русӣ идома ёфта, шароити устувор будани онро маҳдуд месозад”, - навиштаанд таҳлилгарони БАОР.
Онҳо қурби миёнаи драми арманиро дар соли 2021 нисбат ба доллар ҳудуди 521, рубли беларусӣ - 2,63, тангаи қазоқӣ - 421,6, соми қирғизӣ - 84,9, рубли русӣ - 73,6 ва сомонии тоҷикӣ - 11,5 пешгӯйӣ кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2020 қурби расмии пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 16,6% поин рафт: аз 9,69 сомонӣ барои 1 доллар то 11,3 сомонӣ. Тайи даҳсолаи ахир қурби сомонӣ нисбат ба доллар танҳо соли 2015 аз ин андоза бештар - 34% беқурб шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Хамро Таирова – самая успешная женщина в не женском деле
Судебные приставы выдворили из России рекордное количество иностранцев в 2024 году
«Русмостранс» доставит грузы из России в Таджикистан легально
Молодых предпринимателей в Узбекистане поддержат льготными кредитами
Таджикистан подписал соглашений на $812 млн для достройки Рогунской ГЭС
Как Таджикистан теряет наследие Великого Шелкового пути
В коррупции в Минобороны Таджикистана обвинены еще 26 госслужащих
Судья в США обязал администрацию Трампа возобновить программы внешней помощи
5 самых новых и дорогих автомобилей 2024 года: роскошь, мощь и инновации
В Самарканде в апреле пройдет первый саммит Европейский союз — Центральная Азия
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста