Ширкати русии ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" барои анҷом додани парвозҳои мустақим аз Тоҷикистон ба 7 шаҳри Русия иҷоза дарёфт кардааст. Ин дар ҳолест, ки Икром Субҳонзода, мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир танҳо "СомонЭйр"-у "Юэйр" иҷозаи парвозҳои мустақимро доранд.
"Барои анчоми парвозхои мунтазам дар хатсайри Душанбе - Маскав ё баръакс танҳо ба ду ширкат: "СомонЭйр" ва "Utair" иҷозат дода шудааст. Дар асоси хабари пайдошуда, ки гӯё ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалинии" парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад мо кор бурда истодаем",-гуфт Субҳонзода.
Бино ба иттилое, ки мо дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшӣ дарёфт кардем, мактуби дарёфти иҷозаи парвозҳо аз сӯйи ширкати "Уралские авиалинии" ба онҳо дирӯз расидааст, вале нагуфтанд, ки ин мактуб аз кадом ниҳод ба онҳо ирсол шудааст.
Аммо бино ба хабарҳои дарёфтӣ нархи билетҳои "Уралские авиалинии" назар ба нархи билетҳои парвозҳои мустақими ширкатҳои "СомонЭйр" ва "Юэйр" ба маротиб гаронтар аст.
Ин ширкат акнун дар як ҳафта як парвозӣ ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Самара, Екатеринбург, Уфа и Қазон анҷом хоҳад. Барои мусофирон дигар ниёз нест, ки шаҳрвандии Русияро дошта бошанд ё барои сафар ба Русия асос дошта бошанд.
Вале тавре "Азия-Плюс" дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшии Душанбе дарёфт, нархи билети ин парвозҳо бамаротиб гаронтар аз парвозҳои ширкатҳои дигар аст.
Дар ин хазинаибилетфурӯшӣ гуфтанд, ки парвозҳо ҳафтае як маротиба ба шаҳрҳои мазкур анҷом дода мешаванд.
Дар ин хазина нархи билетҳоро чунин гуфтанд: Душанбе - Санкт-Петербург 10 ҳазору 804 сомонӣ, Хуҷанд-Екатеринбург 11 ҳазору 258, Кӯлоб-Екатеринбург 8 ҳазору 422 ва Бохтар 7 ҳазору панҷсад сомонӣ арзиш доранд.
Аммо сомонаи Your.tj бо такя ба манобеи худаш нархи билет ба парвозҳои ин ширкатро чунин навиштааст:
Душанбе – Маскав – 15642 сомонӣ ($1385)
Душанбе – Санкт-Петербург – 10907 сомонӣ ($970)
Душанбе – Новосибирск – 13230 сомонӣ ($1170)
Душанбе – Самара – 12970 сомонӣ ($1150)
Душанбе – Екатеринбург – 10162 сомонӣ ($900)
Душанбе – Уфа – 10480 сомонӣ ($930)
Душанбе – Қазон – 9298 сомонӣ ($825)
Манбаи мо дар хазинаи билетфурӯшӣ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир дархост барои билет хеле зиёд аст. «Онҳое, ки аз нархи билет қаноатманд нестанд, метавонанд аз шаҳрҳои дигари кишвар парвоз кунанд, зеробилетҳо дар он ҷо арзонтаранд, нисбат ба пойтахт. Ва мо нархҳоро муайян намекунем, аз мо мепурсанд, ки чаро нарх ин қадар гарон аст, онро ширкат муайян кардааст ».
Дар ин хазина ҳамчунин илова карданд, ки билетҳоро на танҳо дар Душанбе, балки дар дигар шаҳрҳои кишвар низ харидан мумкин аст. “Билетҳо на танҳо дар Душанбе, балки дар шаҳрҳои дигар низ фурӯхта мешаванд. Инчунин, агар шумо хоҳед, ки бидуни баромадан аз хонаатон чипта харед, шумо метавонед тавассути "Корти миллӣ" билет бихаред».
Тасмими додани иҷоза ба парвозҳои ин ширкати русӣ 5-уми апрел гирифта шудааст.
Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ин парвозҳо яктарафа ҳастанд ё дутарафа, зеро дар хазинаҳои билетфурӯши парвозҳои баргашт аз ин шаҳрҳо вуҷуд надорад ва барои ин билет фурӯхта намешавад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ба русия танҳо аз Тоҷикистон мешавад сафар кард, аз шаҳрҳои дигар ё тавассути тронзит ба русия сафар кардан дар ҳоли ҳозир иҷоза нест.
Дар ҳоли ҳозир билетҳои ширкатҳои «Сомон Эйр» ва UTair аз Душанбе ба Маскав танҳо дар хазинҳаои Оҷонсии алоқаи ҳавоӣ бо нархи $349 (4050 сомонӣ) фурӯхта мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Ужасы маленького городка, зима не в радость и мигрантские дискуссии
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 21 декабря 2024 года
Традиции, мода и финансовые проблемы: почему в Таджикистане становятся вторыми женами и берут вторых жен?
«Празднует, в основном, интеллигенция». Что знают душанбинцы о ночи Ялдо?
«Алиф» снова подтвердил статус Google Partner и укрепил лидерство в цифровой рекламе
Министр энергетики Таджикистана - о планах по увеличению мощностей и снижению потерь электроэнергии
Путин и Мирзиёев обсудили убийство российского генерала, в котором обвиняется гражданин Узбекистана
Эдельвейс таджикской науки. Дилором Каюмова о профессии гляциолога
«Сомон Эйр» приостановила рейсы в московский аэропорт «Внуково»
В мировом рейтинге процветания Таджикистан оказался не последним в регионе
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста