Байни 132 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон аз лиҳози нишондиҳандаи захираҳои давлатии тилло зинаи 62-юмро ишғол мекунад. Дар ин бора Шӯрои ҷаҳонӣ оид ба тилло (World Gold Council) хабар медиҳад.
Захираи тиллои ҷумҳурӣ ба аввали соли ҷорӣ 17,2 тоннаро ташкил додааст, ки 2,1 тонна камтар нисбат ба аввали соли 2020 - 19,3 тонна аст.
Тиллои монетарӣ - тилло дар шакли танга, сабика ё пластин мебошад, ки аз омехтаҳо поккорӣ шуда, аз 995 то 1000 дараҷа тозагӣ доранд. Металли сабикашуда бояд ба талаботи меъёри ҷаҳонии «Good Delivery» ҷавобгӯ бошад. Маъмулан дар ихтиёри бонкҳои марказӣ ё/ва вазоратҳои молияи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон захираҳои бештари тилло дорад, ки ба 387,9 тонна баробар буда, дар раддабандӣ мақоми 14-умро касб кардааст. Тайи соли ахир ба Қазоқистон муясссар шуд, ки захираҳои тиллои худро ба миқдори 2,4 тонна зиёд кунад.
Ӯзбекистон бо 332,5 тонна захираи тилло дар зинаи 16-ум ва Қирғизистон бо 16,8 тонна дар мақоми 63-юм ҷойгир шудаанд. Соли 2020 захираҳои тиллои Ӯзбекистон ба миқдори 3,4 тонна кам шуда, захираҳои Қирғизистон баръакс 2,4 тонна зиёд шудаанд. Дар бораи Туркманистон маълумот оварда нашудааст.
Тибқи маълумоти World Gold Council, то аввали соли 2021 ҳаҷми умумии захираи тилло дар ҷаҳон 35,244 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ин маълумот ҳар семоҳа навсозӣ мешавад.
10-гонаи аввали кишварҳои дорои захираи зиёди тилло
То аввали соли 2021 захираи тилло аз ҳама зиёдтар дар ИМА - беш аз 8,1 ҳазор тонна ба қайд гирифта шудааст, ки ба 23% аз ҳаҷми умумии захираҳои тилло дар саросари дунё баробар аст.
Ба 10-гона (ТОП-10)-и аввали кишварҳои дорои захираҳои зиёди тилло давлатҳои зерин низ шомиланд: Олмон, Италия, Фаронса, Русия, Чин, Швейтсария, Ҷопон, Ҳиндустон, Нидерланд. Ба ин 10 кишвар зиёда аз 67% аз ҳаҷми умумии захираҳои тилло дар ҷаҳон рост меояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.