Дар пайи камчин шудани ҳосили зардолу дар вилояти Суғд, имсол харидорони ин мева дар дохил ва хориҷи кишвар бамаротиб афзудааст. Ҳамакнун Қазоқистон талош дорад вориди бозори тиҷорати меваи Тоҷикистон шавад ва ҳарчи бештар аз ин кишвар анвои меваҷот ва дигар намуди маҳсуолти кишоварзиро содир кунад. Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ беш аз 80 дарсади боғоти зардолу дар шимолии Тоҷикистонро хунук зад ва дарёфти меваи тари он душвор шудааст.
Ҳамчунин сардиҳои баҳори имсол ва сармо задани гули зардолу ба нархи ин мева дар бозорҳои Тоҷикистон ҳам таъсир гузоштааст, ки ҳоло аз 8 то 15-20 сомонӣ арзиш дорад.
Қазоқистон баъди Русия дуюмин кишвари аслии пазирандаи меваҷот, ба хусус меваи хушку тари зардолуи шимолии Тоҷикистон аст.
Дар пайи камҳосилӣ дар вилояти Суғд имсол содироти ин навъ меваҷот якбора коҳиш ёфт. Оғози ҳафтаи ҷорӣ вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Бакит Султонов бо ҳайате аз доираҳои тиҷоратии Қазоқистон ба Суғд омад ва ҳавасмандияшро барои содироти ҳарчи бештари меваҷот ва ташкили Маркази логистикии нақлиётӣ дар Суғд дар миён гузошт.
Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон дар мулоқот бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор доштааст, ки ин вилоят метавонад содироти бештари меваҷот аз ҷумла зардолуро ба Қазоқистон роҳандозӣ кунад. Дар ин дидор миёни ширкатҳои “Зерновая компания”–и Тоҷикистон ва “МССтрейд компании”-и Қазоқистон шартномаи ҳамкорӣ ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ ба имзо расид ва дар назар аст содироти меваҷот ба Қазоқистон бештар мегардад.
Аммо аз идораи кишоварзии вилояти Суғд мегӯянд, дар пайи барфу хунукиҳои охири моҳи феврал ва нимаи моҳи марти соли ҷорӣ, ҳамагӣ 30 дарсади ҳосил эмин монд ва боис ба якбора боло рафтани нархи мева ва камчин шудани он дар бозор шуд. Сармои имсола ба ин бахши сердаромади содиротии кишоварзӣ миллионҳо сомонӣ зиён расонид ва алакай паёмади онро дар содирот эҳсос мекунанд. Боғдорон аз даромади бештар маҳрум монданд ва тоҷирон барои содироту истеҳсоли корхонаҳояшон меваи лозимӣ намеёбанд.
“Бар зиёни кор шуд”
Диловар Ибрагимов, боғдоре аз ноҳияи Ашт мегӯяд, 7 гектар боғи зардолу дорад ва имсол танҳо барои тархӯрии оилааш ҳосил шуд. Парвариш ва фурӯши зардолу ягона манбаъи даромади аъзои 12-нафарии Диловару бародараш будааст, ки ҳамасола то 40 ҳазор сомонӣ ба даст меомад. Имсол ҳосили фурӯшӣ нест ва дар ташвиш мондааст, ки то соли баъдӣ ин оилаи бузургро чӣ тавр мехӯронаду мепӯшонад. Ӯ мегӯяд, майдони зардолузор санглох аст ва наметавонад зери дарахтон чизе бикораду зиёнро рӯйпӯш кунад.
“Ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ барои боғ поруи менералӣ харидем, илова бар ин харҷи шудгор ҳаст, ки ҳаракат карда будем ҳосили зардолу хуб шавад. Аммо ҳосил нашуд, акнун имсол дарахтони бемеваро об медиҳем, ки харҷи солонаи обёрӣ бештар аз 5 ҳазор сомонӣ аст, ки ин бар зиёни кор шуд”.
Камҳосилӣ чанд тарҳи корхонаи “Зардолу ва К”-ро барбод дод
Набуди ҳосили хуби зардолу ба даромади Диловар ва ба мисли ӯ ҳазорҳо нафар боғдорон зарбаи сахт зад ва тиҷорати садҳо тоҷири дигарро мушкил сохт.
Корхонаи “Зардолу ва К” ягона корхонаи азими банду баст ва содиротии зардолу дар ноҳияи Ашт ҳам ба камомади истеҳсолӣ рӯ ба рӯ шудааст.
Пӯлод Ашӯров роҳбари ин корхона бо нигаронӣ аз камҳосилӣ гуфт, “Зардолу ва К” иқтидори бандубасти 50 тонна мева дар як шабонарӯзро дорад, ки имсол дар як шабонарӯз 6-7 тонна меваро бандубаст ва ба содирот омода мекунад. Ӯ гуфт соли гузашта 1560 тонна меваи зардолуро ба Русияву Қазоқистон содир карда буд, ки имсол эҳтимол 10-15 фоизи ин нақша таъмин шавад, ки чандон фоидаовар нест.
“Мо имсол мехостем лоиҳаи нави хушку қоқ кардани меваи зардолуро ҷорӣ кунем ва донаки зардолуро ях кунонида Русия барем. Аммо, имсол аз зардолу фоида нест, ҳоло ин тарҳро боздоштем. Даромади имсола танҳо барои нигоҳдошти кори корхона то соли оянда мерасаду халос. Дар тиҷорат ҳамасола бояд навгоние ворид кард, ки ҳамин сол ба мо 100 ҳазор доллар лозим буд, акнун намешавад.”
Ашт яке аз ноҳияи аслии зардолупарвар дар вилояти Суғд аст, ки беш аз 10 ҳазор гектар боғи ҳосилдеҳ дорад ва ҳамасола ҳазорҳо тонна меваи хушку тари зардолуро ба Қазоқистон ва Русия содир мекард. Аммо имсол ҳудуди 90 дарсади боғоти зардолуи ин ноҳияро сармо зад ва ба деҳқонон зиёни калони молӣ расидааст.
Рафтор Муҳаммадиев, роҳбари идораи кишоварзии ноҳияи Ашт ба “Азия-Плюс” гуфт, боғдорон аз ҳосили имсола беш аз 200 миллион сомонӣ зиён диданд. Ӯ гуфт соли гузашта ҳосил хуб буд, дар мавсими ҷамъовари мева 3,5 ҳазор тонна зардолуи тару тозаро содир карда буданд, ки имсол ҳамагӣ беш аз 200 тонна содир кардаанд.
“Ҳамасола аз ин ноҳия то 30 ҳазор тонна меваи зардолу ҷамъоварӣ мекардем ва дар ин шабу рӯз ба ҷузъ деҳқону тоҷирон, сокинони оддӣ низ рӯзии худро меёфтанд. Дар баъзе ҷамоатҳо 20 фоиз мева ҳаст, вале дар аксари ҷамоатҳо ҳосили зардолуро пурра хунук зад ва ба хӯрдан ҳам мева пайдо намешавад”.
Дар вилояти Суғд даҳҳо корхонаи банду баст ва истеҳсоли афшура мавҷуд аст, ки асосан бо меваи тару хушки зардолу кор мекунад. Аммо имсол ба далели камчин шудани ҳосили зардолу ба пешрафти кори ин корхонаҳо асар кардааст. Дар бозорҳо низ меваи зардолу камчин шуд ва нархаш боло рафт. Тоҷирон мегӯянд, як кило меваи зардолуи содиротиро аз 10 то 15 сомонӣ харида истодаанд, ки соле пеш ба қиммати аз 3 то 8 сомонӣ мехариданд. Дар бозорҳо низ як килои зардолу аз 5 то 15 сомонӣ нарх дорад, вале хело камчин аст.
“Субҳи Ватан” зардолу наёфт “Афшураи абрикос” намебарорад
Абдуманнон Эрматов, роҳбари корхонаи “Субҳи Ватан” дар шаҳри Исфара бо нигаронӣ аз камҳосилӣ гуфт, имсол меваи зардолу наёфт ва “Афшураи абрикос” истеҳсол намекунанд. Ин дар ҳолест, ки “Субҳи Ватан” ҳамасола беш аз 200 тонна афшураи меваҷот, бахусус “Афшураи абрикос” омода мекард ва дар асоси шартнома ба Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Амрико содир мекард. Абдураҳмон Эрматов мегӯяд, барои харидориву ҷамъоварии зардолу ба Исфараву Конибодом ва то шаҳрҳои Қӯрғонтепаву Данғара рафт, вале ҳосили дилхоҳ наёфту ноумед баргашт. Ӯ гуфт бо 15 ширкати хориҷӣ дар содироти “Афшураи абрикос” шартнома дорад.
“Имсол бениҳоят корамон вазмин шуд. Мо бо чанд ширкатҳои хориҷӣ шартнома баста будем, аз ҳисоби набудани меваи зардолу онҳо бекор шуд. Агар корхона бо ин кишварҳо шартнома баста фармоиш нагирад, зиён мебинем. Пешниҳод кардем аз дигар меваҷот афшура мекунем, вале мегӯянд ҷойи афшураи зардолуро намегирад. Мо барои иҷро кардани нақшаи истеҳсол иҷборан аз барги ток, меваҳои малина, олу, олуча афшура тайёр карда истодаем”.
Дар ҳамин ҳол муовини раиси шаҳри Исфара, сарпарасти бахши кишоварзӣ Муҳаммад Муҳиддинзода мегӯяд, набуди ҳосили хуби зардолу ба кори боғдорону сокинони ин шаҳр, ки асосан бо хариду фурӯши зардолуву меваи хушки он машғуланд таъсири амиқ расонид. Ӯ гуфт, соли гузашта аз боғототи Исфара 25 ҳазор тонна меваи хушку тари зардолу содир карда буданд, ки имсол ними он номумкин аст.
“Мо беш аз 10 корхонаи коркарду банду баст ва афшурабарорӣ дорем, ки ашёи хомаш меваи зардолу аст ва набуди ҳосил ба кори онҳо бетаъсир нест”, -мегӯяд Муҳаммад Муҳиддинзода.
“Гуфтем зиёнро бо кишти мошу лӯбиё рӯйпӯш кунед”
Масъулини идораи кишоварзии вилояти Суғд дар муқоиса ба ҳосили як сол пеш мегӯянд, имсол бештар аз 60 ҳазор тонна камомади зардолу мешавад, ки барои деҳқонон зарари бузург аст.
Абдуазиз Маҳмудов, муовини сардори ин идора гуфт, боғдорон талош карданд дар оғози баҳор корҳои зиёди агротехникӣ гузаронанд то миқёси талафёбиро коҳиш диҳанд ва барои ин кор ба ҳар гектар боғи зардолу 1000 сомонӣ сарф карданд, ки имрӯз ин маблағ низ бар зиёни боғдор шуд.
“Мо ба боғдорон тавсия додем барои рӯйпӯш кардани зиён дар он ҷое, ки об ва имкони кишти зирот ҳаст, зери зардолузор, мош, лӯбиё ва дигар зироат кишт кунанд”.
Ҳамасола боғдорони Суғд беш аз 80 ҳазор тонна меваи зардолу ҷамъоварӣ мекарданд ва танҳо аз содироти хушкмева ҳудуди 8 миллион доллар ба даст меомад. Имсол ба тахмини пешакии кишоварзон то 3 ҳазор тонна меваи зардолу ҷамъоварӣ мекунанд, ки инро бар зиёни боғдорон медонанд.
Бино ба иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд, имсол дар панҷ моҳи соли равон, 9721 тонна меваи хушк ва 4200 тонна меваи тар бо маблағи 5,7 миллион доллари амрикоӣ содир шудааст. Таркиби меваҷоти содиротӣ асосан аз зардолу, гелос, олуву тарбузу ангур иборат мебошад. Гуфта мешавад, дар ин давра ҳамагӣ ҳудуди 150 тонна меваи тари зардолу содир шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб кам аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Суд в США закрыл уголовные дела против Дональда Трампа
Трудовая миграция в Кувейт. Как ее регулирует подписанный в ходе визита Эмомали Рахмона меморандум?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 26 ноября 2024 года
Таджикистан и Афганистан подписали контракт на поставку электроэнергии в 2025 году
Банки Узбекистана и Казахстана прекратили обслуживать выпущенные Газпромбанком карты UnionPay
Как реформируют свою милицию страны Центральной Азии
130 победителей. Кто они – лауреаты конкурса «Книга – мудрости зари сиянье»?
В Таджикистане создали штаб по цифровизации госуслуг и безналичных расчетов
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста