Молики нави корхонаи “ТоҷикАзот” - ширкати “Осиё Кемикал” қарз аз маоши коргаронро ба маблағи 1 млн сомонӣ пардохт намуд.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 26 июл раиси шаҳри Левакант Заррина Давлатзода хабар дод.
“Молики нави корхона - ширкати “Осиё Кемикал” ба таъмиру бозсозӣ ва омодагӣ барои ба кор даровардани корхона оғоз намуд. Онҳо қарз аз маошро ба маблағи зиёда аз 1 млн сомонӣ (қарзи умумӣ аз маош - 6 млн сомонӣ) ва инчунин қарз аз андозро ба маблағи қариб 15 млн сомонӣ пардохт намуданд”, - иброз дошт Давлатзода.
Зимнан зикр шуд, ки аллакай 200 нафар коргарон ба корхона баргаштаанд.
“Тибқи нақша, корхона соли оянда ба кор даромада, дар он зиёда аз 1 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд”, - илова намуд Заррина Давлатзода.
Таърихи корхона
Бояд гуфт, ки ОАО “Азот” як корхонаи азими истеҳсоли нуриҳои минералӣ барои соҳаи кишоварзист, ки ҳанӯз солҳои 60-70 уми асри гузашта даврони Шӯравӣ сохта шудааст ва бештар бо номи “ТоҷикАзот” машҳур буд. Ин корхона қаблан бо гази табии Узбакистон фаъолият мекард, вале баъди мушкил шудани муносибатҳои Тоҷикистон Узбакистон интиқоли газ аз Узбекистон қатъ гардид, ки дар натиҷа корхона аз фаъолият бозмонд.
Баъдан ин ширкатро вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва соҳибкори маъруфи зиндонӣ Зайд Саид бо як шарики тиҷоратии укроинияш харид, аммо баъди ба вуҷуд омадани қазияҳои Зайд Саид давлат ин корхонаро дубора бозпас гирифт.
Соли 2016 ширкати чиннӣ «Хэнан Чжун-Я” хост корхонаро бо истифода аз ангишт ба кор дарорад, вале бо сабабҳои номаълум аз идомаи корҳои азнавсозӣ даст кашид, ки дар натиҷа шартномаи онҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон бекор карда шуд.
Баъди муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя рӯ ба беҳбуди овардан, Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт корхонаро ба фурӯш гузорад ва онро бо гази табии Узбекистон ба кор андозад. Лӯлаи газе, ки қаблан ин корхонаро бо газ таъмин мекард тариқи Душанбе-Хуросон- Бохтар- Левакант кӯҳнаю фарсуда шуда аз фаъолият боз мондааст.
Аз ин хотир ҳукумат тасмим гирифтааст, ки аз лӯлаи газе, ки то ноҳияи Ёвон омадааст ба шаҳри Левакант онро идома дода, корхонаро бо газ таъмин кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
В Душанбе открыли новый ресторан «Додо Пицца»
Всемирный банк готов вложить $150 миллиардов в проекты по экологии
Где в Душанбе найти логопеда?
Афиша от «Азия-Плюс»: балет «Жизель», вечер японских мотивов и гастротур к аметистовым шахтам
В Душанбе наградили лучших женщин-госслужащих
FORMULA55 продлила контракт с двукратной обладательницей Кубка мира по боксу Мижгоной Самадовой
В Исфаре сотрудники военкомата получили 40 тысяч сомони за поддельные военные билеты
В России с 1 декабря стартует эксперимент по сдаче биометрии иностранцами при въезде в страну
Президент COP29 призвал радикально увеличить климатическое финансирование
Как исследовательница культуры из Таджикистана рассказывает миру о женской боли на войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста