Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон арзиши сӯзишворӣ босуръат боло меравад ва идомаи ин ҷараёни афзоиш ҳадди ақал то ахири даҳаи аввали моҳи оянда низ дар назар аст.
Ба ин тариқ, нархи чаканаи бензини навъи АИ-92 аз оғози моҳи равон ба андозаи 8,7% (аз 10,30 то ба 11,20 сомонӣ барои 1 литр) ва сӯзишвории дизелӣ – 7,4% (аз 9,50 то ба 10,20 сомонӣ) зиёд шуд.
Дар бисёре аз нуқтҳои фурӯш навъҳои гаронтари бензин (АИ-95, АИ-98) нестанд ва ин ҳолат онҳоро қобилияти харидорӣ надоштани аҳолӣ маънидод мешавад.
Дар ҳамин ҳол, нархи гази моеъ, ки тибқи маълумоти гуногун, аз он нисфи моликони автомобилҳо дар кишвар истифода мебаранд, бетағйир боқӣ мондааст – 7,70 сомонӣ барои 1 литр ба мисли аввали моҳи октябр.
Қаблан ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯзишворӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки болоравии нарх ҳадди ақал то даҳаи аввали моҳи ноябри соли равон идома меёбад, давра ба давра бо воридшавии миқдори нави сӯзишворӣ дар ҳар панҷ шабонарӯз.
Болоравии нарх ба афзоиши нархи ҷаҳонӣ ба маҳсулоти нафтӣ ва нархҳои харид дар корхонаҳои истеҳсолкунанда, тибқи нақша қатъ шудани кори корхонаҳои Русия ва Қазоқистон барои таъмир, инчунин вазъияти марбут ба маҳсулоти нафтӣ дар бозори дохилии ҷумҳурӣ нисбат дода мешавад.
Болоравии арзиши сӯзишворӣ барои автомашинаҳо дар бозори чаканаи Тоҷикистон аз оғози сол ба мушоҳида расида, гароншавии босуръати он аз аввали моҳи март шурӯъ шуд.
Ин на танҳо ба болоравии арзиши роҳкирои нақлиёти мусофирбар, балки афзоиши арзиши дигар молҳо низ боис гардид, зеро сӯзишвории автомобилӣ маҳсулотест, ки нархро муайян мекунад: ҳама гуна маҳсулот аз нуқтаи яклухтфурӯшӣ то чаканафурӯшӣ тавассути автомашина расонида мешавад ва аз ин рӯ, хароҷот ба сӯзишворӣ як қисми арзиши аслии мол мегардад.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, нархи чаканаи бензин дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 58,9%, сӯзишвории дизелӣ (солярка) – 39,4% ва гази моеъ – 80% боло рафт.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Юношеские Азиатские игры-2025 перенесены из Узбекистана в Бахрейн
Нацбанк Таджикистана предупредил о мошенниках: «Не предоставляйте свои личные данные посторонним лицам»
В Таджикистане открыт центр для подготовки специалистов в области зеленой энергетики
Сразу три таджикских бойца из UFC начнут 2025 год с новых поединков. Кто соперники?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 декабря 2024 года
Искандеркульская вахта полковника Ионова. Первой гидрометеостанции Таджикистана 95 лет
Фильм «Фуруғ» таджикского режиссера получил награду на кинофестивале в России
Чиновники Бухарской области перейдут на чрезвычайный режим работы, чтобы сократить бедность населения
Денежные переводы в Узбекистан выросли на треть в 2024 году
Саки-властелины степей на Крыше мира. Как саки пришли и спустя время ушли с Памира
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста