Тоҷикистон интиқоли барқро ба кишварҳои ҳамсоя дар моҳи октябри соли равон қариб 10 баробар кам кард, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Моҳи сипаришуда аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 1,8 млн доллар барқ содир шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи сентябр ин маблағ ҳудуди 17 млн долларро ташкил медод.
Содироти барқ аз Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020, ки ба 2 млн доллар баробар буд, низ коҳиш ёфтааст.
Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи умумии наздики 91,3 млн доллар барқ интиқол ёфтааст, ки 82% зиёдтар нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли гузашта мебошад.
Дар доираи қарордодҳои имзошуда бо мақомоти марбутаи Афғонистону Ӯзбекистон аз Тоҷикистон ба ин кишварҳо барқ интиқол меёбад.
Мувофиқи қарордодҳо, то охири сол ин давлатҳо бояд аз Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 3 млрд кВт/соат (1,5 млр кВт/соат ҳар кадоме) барқ гиранд.
Барои 1 кВт/соат барқ Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 2 сент (ба мисли истеъмолгарони маишӣ дар дохили кишвар) ва Афғонистон 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент - тариқи хати интиқоли барқи 220кВ маблағ пардохт мекунанд.
Аввали ҳамин моҳ Тоҷикистон ба интиқоли барқ ба Қирғизистон низ шурӯъ намуда, аммо пас аз чор рӯзи оғози он қатъ кард.
Тибқи маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 17,1 млрд кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 6,1% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.
Дар ҳамин ҳол, аз оғози даҳаи дуюми моҳи октябр интиқоли барқ ба манотиқи деҳоти Тоҷикистон ба таври маҳдуд сурат мегирад.
“Барқи тоҷик” сабаби инро баргузории корҳои нақшавии таъмиру навсозӣ дар хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ шарҳ медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как проходил первый парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста