Таҳлилгарони Бонки аврусиёии рушд (БАОР) пешгӯйӣ мекунанд, ки соли равон иқтисоди Тоҷикистон ба рушди бештар миёни кишварҳои узви ин Бонк ноил хоҳад гашт.
“Соли ҷорӣ рушди ММД-и минтақа дар ҳаҷми 4%: дар Арманистон - 4,5%, Беларус - 2,1%, Қазоқистон - 3,8%, Қирғизистон - 3,7%, Русия - 4,1% ва Тоҷикистон - 7,9% пешбинӣ мешавад”, - омадааст дар нақшаи дурнамои БАОР.
Афзоиши иқтисодро мутахассисони БАОР ба “зиёдшавии сармоягузорӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар вобаста медонанд”.
Гуфта мешавад, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ҳаҷми сармоягузорӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ 29,6 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 6,3 фоиз афзуд.
“Ба барқарор шудани иқтисодиёти кишварҳои узви БАОР дар соли ҷорӣ таъсири сабукшавии сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2020, мутобиқшавии аҳолӣ ва ташкилотҳо ба шароитҳои пандемия, тавсеаи талаботи ҷаҳонӣ ва афзоиши ҳаҷми нархи маҳсулоти асосии содиротии кишварҳои минтақа мусоидат намуд”, - таъкид мешавад дар пешгӯиҳо.
Ёдрас мекунем, ки афзоиши аз ҳама зиёди иқтисоди Тоҷикистон тайи даҳ соли ахир соли 2018 ба андозаи 7,6% сабт шуда буд. Бештар аз пешгӯии БАОР дар соли 2021, соли 2004 - 10,3% ба қайд гирифта шуд.
Таваррум
Коршиносони БОР пешгӯӣ мекунанд, ки таваррум дар кишварҳои узви ин бонк то охири соли 2022 ба сатҳи ҳадафнок наздик мешавад, аммо зикр мекунанд, ки бехавф гардонидани омилҳои таваррум вақтро талаб мекунад.
Дар сенарияи асосӣ, онҳо коҳиши таваррумро дар минтақаи амалиёти БАОР аз 8,2% дар соли 2021 то 5,3% дар соли 2022 пешбинӣ мекунанд.
Охири соли 2022 дар Арманистон мизони таваррум дар соли 2021 5% (8% - соли 2021), дар Беларус - 7,4% (10% - соли 2021), дар Қазоқистон - 6% (8,4% - соли 2021), дар Қирғизистон - 7,0% (9,8% - соли 2021), дар Русия — 4,9 фоиз (7,9% - соли 2021) ва дар Тоҷикистон — 6,3 фоиз (8,3% - соли 2021) пешбинӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.