Ҳукумати Тоҷикистон аз дастгирии ройгони молиявӣ ба маблағи ҳудуди 5,4 млрд сомонӣ (475 млн доллар) дар соли оянда интизорӣ дорад.

Дар қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022” ҷалби грантҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ дар ҳаҷми 665 млн сомонӣ барои дастгирии буҷет муқаррар шудааст.

Ғайр аз ин, гирифтани грантҳо ба маблағи умумии 4,7 млрд сомонӣ ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст.

Кумаки молиявии бебозгашт, ки ҳукумат соли оянда аз он интизорӣ дорад, қариб ду баробар зиёдтар аз ҳаҷми кумакест, ки дар Буҷети давлатии соли 2021 (2,8 млрд сомонӣ ё худ 248 млн доллар) муқаррар шудааст.

Тоҷикистон ягона давлатест дар паҳнои посошӯравӣ, ки дар арсаи байнулмилалӣ ба сифати кишвари сатҳи даромадашон паст (кишварҳои камбизоат) арзёбӣ мешавад. Чунин кишварҳо ҳуқуқ доранд, ки аз мададрасонон байналмилалӣ кумаки молиявии ройгон гиранд.

Мувофиқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар гуруҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст (low income economies) қарор дорад, ки дар он ММД ба ҳар сари аҳолӣ - камтар аз 1026 доллар аст. Ба ин гуруҳ кишварҳое чун Афғонистон, Бурунди, Гвинея, Руанда, Мадагаскар, Танзания, Чад, Эфиопия, Мали, Непал, Гвинея-Бисау ва дигар кишварҳо (ҳамагӣ 31 кишвар) шомиланд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2020 ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 859 долларро ташкил дод. Барои муқоиса, дар Қирғизистон ин нишондиҳанда ба 1224 доллар, Қазоқистон - 9131 доллар ва Русия - 10152 доллар баробар аст.

Сатҳи ниҳоии ММД ба ҳар сари аҳолӣ тайи даҳ соли ахир дар Тоҷикистон соли 2014 - 1,1 ҳазор доллар ва ҳадди ақал соли 2016 - 807 доллар ба қайд гирифта шуд.

Қонун дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2022-ро президент 30 ноябр ба имзо расонида, дар нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” чоп шуд.

Қисмати даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли оянда дар ҳаҷми 33 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки 5,3 млрд сомонӣ зиёдтар нисбат ба нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷети амалкунанда мебошад.

Хароҷоти буҷет дар соли 2022 ба маблағи 33,6 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 600 млн сомонӣ бештар нисбат ба хароҷоти тасдиқшудаи буҷети соли равон аст.

Дар соли оянда самти афзалиятноки ҳукумат соҳаҳои иҷтимоӣ боқӣ монда, ба маблағгузории онҳо равона гардидани ҳудуди 44%-и хароҷоти буҷет ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.