Корхонаҳои давлатӣ ва ширкатҳои саҳҳомӣ бо сармояи Тоҷикистон соли оянда бояд беш аз 992,2 млн сомонӣ (88 млн доллар) қарзҳояшонро пардохт кунанд.
Дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 гуфта мешавад, ба ин маблағ ҳам қарзи асосӣ ва ҳам фоизҳои он дохил мешаванд.
Ин ҷо сари қарзҳое сухан меравад, ки корхонаҳо бо миёнаравии Вазорати молия барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ гирифтаанд.
Ҳудуди 93% аз маблағи қарзи зикршуда - 922,5 млн сомонӣ (82 млн доллар) ба ШСХК “Барқи тоҷик” рост омада, қарзи умумии кредитории ин ширкат то 1 июли соли равон 29,3 млрд сомонӣ (наздики 2,7 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.
Дар рӯйхати қарздорон инчунин боз 6 корхонаи дигар зикр шудаанд, ки бояд соли 2022 қарзҳояшонро ба маблағҳои зерин пардохт кунанд:
- ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» - 25,1 млн сомонӣ ($2,2 млн);
- КВД «Обу корез» - 16,8 млн сомонӣ ($1,5млн);
- ҶСК «Помир Энержи» - 11,6 млн сомонӣ ($1 млн);
- ҶСК «Тоҷиктрансгаз» - 8,7 млн сомонӣ ($770 ҳаз.);
- КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» - 4,1 млн сомонӣ ($363 ҳаз.);
- ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» - 3,3 млн сомонӣ ($292 ҳаз.).
Ба ҷуз ширкати “Помир Энержи”, ки иштирокчии лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон, Бунёди Оғо Хон оид ба рушди иқтисодӣ, Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) ва Агентии рушди байнулмилалии Швейтсария аст, бастаи пурраи дигар 5 ширкати дар рӯйхат зикршуда ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Аммо ин ширкат соли 2027 низоми энергетикии ВМКБ-ро, ки мутобиқи шартномаи конссесионӣ аз соли 2002 онро идора мекунад, бояд ба ҳукумати Тоҷикистон диҳад.
Дар маҷмӯъ, соли 2022 ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки барои пардохти қарзи беруна ҳудуди 2,2 млрд сомонӣ (195 млн доллар) маблағ равона мекунад.
Ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон то 1 октябри соли равон 3 млрд 262,1 млн долларро ташкил медиҳад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед