Ҳаҷми умумии захираҳои пулии давлатии тиллои Тоҷикистон аз 22,3 тоннаи соли 2019 дар охири соли 2021 то ба 8 тонна коҳиш ёфт, хабар медиҳад портали соҳавии Goldomania.ru бо такя ба маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council).
Захираҳои тилло дар Тоҷикистон дар ихтиёри Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ қарор доранд.
Дар ҳоли коҳиши захираҳои тиллои Тоҷикистон, захираҳои тиллои ҳамаи дигар кишварҳои ҳамсоя дар минтақа афзудаанд: Қирғизистон ба миқдори 6 тонна, Ӯзбекистон - 4,6 тонна ва Қазоқистон - 40,3 тонна.
Захираҳои пулии тиллои Русия, ки миёни панҷ кишвари аввали дорои захираҳои бештари тилло дар ҷаҳон қарор дорад, тайи ду соли ахир ба андозаи 185,6 тонна зиёд шудааст.
Захираҳои Қирғизистон то охири соли гузашта 16,8 тонна, Ӯзбекистон - 340,5 тонна ва Қазоқистон - 390,7 тоннаро ташкил дода буд.
Аз лиҳози ҳаҷми захираи тилло дар ҷаҳон ИМА (8133,5 ҳазор тонна) пешсаф буда, дар панҷгонаи авввал Олмон, Италия, Фаронса ва Русия қарор доранд.
Фурӯши бесобиқа
Дар солҳои пандемия Тоҷикистон фурӯши фулузот (металл)-ҳои қиматбаҳоро ба таври назаррас зиёд кард, ки ҳудуди нисф аз содироти кишварро ташкил дод.
Ба ин тариқ, мувофиқи маълумоти омори расмӣ, соли 2020 Тоҷикистон ба маблағи наздики 690 млн доллар - зиёда аз нисфи содироти ҷумҳурӣ дар ин сол - фулузоти қиматбаҳо ба хориҷи кишвар содир кард.
Дар зарфи 11 моҳи соли 2021 ин нишондиҳанда қариб то 710 млн доллар афзуда, ҳудуди 40% аз содироти кишварро дар ин давра ташкил дод.
Фурӯши фулузоти қиматбаҳо дар баробари таъмини воридоти молу маҳсулоти зарурӣ ба кишвар бо асъор метавонад ба “босуръат болоравӣ”-и нархи тилло тайи ду соли охир вобаста бошад.
Нархи баландтарини тилло дар давоми ду асри охир (аз соли 1830 то ин дам) 7 январи соли 2020 - дар сатҳи 2.067,15 доллар (барои як унсияи секарата) сабт шуд. Имрӯз, 11 январ як унсия дар биржаи Лондон 1.806 доллар нарх дорад.
Истихроҷи рекордӣ
Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2019 тибқи маълумоти Вазорати саноат, ҳамасола бо суръатҳои рекордӣ - беш аз 4 баробар зиёд мешуд: аз 2 тонна то ба 8,1 тонна. Дар бораи солҳои 2020-2021 маълумот дастрас нест.
Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд.
Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла истихроҷи тилло машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина», инчунин ширкатҳои ТВЕА ва «Пакрут»-и Чин мебошанд.
Ғайр аз ин, соли 2019 мақомот ба шахсони воқеӣ низ иҷоза доданд, ки мустақилона ба истихроҷи тилло машғул шаванд.
Агар ҳаҷми начандон зиёдеро, ки онро корхона ва коргоҳҳои заргарӣ харидорӣ мекунанд, ба назар нагирем, дигар ҳамаи тиллои истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон фурӯхта мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат, Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад. Дар ҷумҳурӣ 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ мавҷуданд.
Ҳанӯз соли 2015 роҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки ҳаҷми захираи тасдиқшудаи тилло дар конҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 500 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
15 сокровищ Центральной Азии, охраняемых ЮНЕСКО
«Еда и транспорт». На что тратят деньги таджикские студенты?
Топ-5 советов, как быстро обучить ребёнка иностранному языку
«Работы нет, пенсии на жизнь не хватает». Какие трудности испытывают незрячие в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 17 ноября 2024 года
Нацбанк предупредил таджикистанцев о фальшивых и «шуточных» сомони
Первые признаки подростковой анорексии. Как понять, что твой ребенок болен и к каким врачам идти?
Таджикистан присоединится к Международному союзу охраны природы
«Умная и жесткая». Кэролайн Ливитт станет самым молодым пресс-секретарем президента в истории США
Детей мигрантов, получающих гражданство России, обяжут приносить присягу с 14 лет
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста