Саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад, изҳор дошт вазири саноат ва технологияҳоинави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишаст тариқи видеоконфронс, ки Арабистони Саудӣ барои роҳандозии ҳамкории дарозмуддат бо иштироки намояндагони саноати истихроҷи ҷаҳон, ҳукуматҳои минтақавӣ, сармоягузорон ва дигар нафарони калидӣ баргузор намуд.
“Тоҷикистон захираи бойи сарватҳои зеризаминӣ дорад. Аз 600 кони кашфшуда ва 200 кони зуҳурёфта зиёда аз 100 кон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз 50 намуди ашёи хоми минералӣ истихроҷ карда мешаванд”, - иброз дошт вазир.
Тавре ки бахши котиботи Вазорат хабар медиҳад, нишасти сатҳи олӣ нахустин ташаббуси ҳукумати Арабистони Саудӣ ба шумор рафта, беш аз 2000 ширкаткунандаро аз созмонҳои байналмилалӣ ва доираҳои тиҷоратии беш аз 95 кишвари ҷаҳон ҷамъ овардааст. Намояндагон аз тамоми ҷаҳон ғояҳои беҳамтои худро оид ба ҷалби сармоя ва рушди соҳа муаррифӣ намуданд. Дар нишасти мазкур вазирони саноат аз 31 давлати хориҷӣ иштирок варзиданд.
“Саноати кӯҳии Тоҷикистон заминаи хуби маъданӣ ва ашёи хомро доро буда, ҳаҷми он барои таъмини рушди соҳа дар муддатҳои тӯлонӣ кофӣ мебошад, - гуфт ӯ. - Он ҳанӯз аз давраи шӯравӣ заминагузорӣ гардида буд, аз замоне, ки омӯзиши муназзами сарватҳои дар дохили Тоҷикистон мавҷуда ва азхудкунии саноатии он ба роҳ монда шуда буд”.
Зикр шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи конҳои кашфшуда дар ҷумҳурӣ саноати маъдани кӯҳӣ, кимиёӣ, коркарди санг, сохтмонӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ташкил шуданд.
Коршиносони хориҷии ҳуқуқдон, ки фазои тиҷоратии ИДМ-ро меомӯзанд, бар ин назаранд, ки қонунгузории ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, то барои сармоягузорони хориҷӣ дар кишвари мо ҷиҳати ҳифзи сармоягузорӣ ва фаъолияти тиҷоратии онҳо шароити беҳтар муҳайё карда шавад.
Ҳамчунин дар нишаст, ки тариқи видеоконфронс баргузор гардид, иттилоъ дода шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси шаффофияти саноати истихроҷ (ТШСИ) татбиқ гардидааст, ки он яке аз стандартҳои ба таври васеъ пазируфташудаи байналмилалӣ барои таҳкими шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаҳои истихроҷ ба шумор меравад.
Дар хотима Шералӣ Кабир изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳо ҷиҳати тавсеа ва таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд омода аст.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 37 корхона ба истихроҷ ва коркарди конҳо машғуланд, ки аксарияти онҳо аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ таъсис дода шудаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.