Ширкати барқи "Бришно"-и Афғонистон аз ширкати "Барқи тоҷик" 33 миллион доллари амрикоӣ қарздор будааст. Ин нуктаро имрӯз раиси ширкати "Барқи тоҷик" Маҳмадумар Асозода дар нишасти хабарии Вазорати энергетикаи Тоҷикистон зикр кард.
Ширкати "Бришно" ваъда кардааст, ки дар моҳи феврал тамоми қарзашро пардохт мекунад.
"Дар моҳи январ ширкати "Бришно" 2 млн қарзашро ба Тоҷикистон баргардонид. Масъулинаш дирӯз зимни суҳбат ваъда карданд ки то охири ҳафта 2 млн доллари дигар маблағи қарзро пардохт мекунанд ва ҳамин тариқ, давоми моҳи феврал ҳамаи қарзро ба Тоҷикистон бармегардонанд", - гуфт раиси ширкати "Барқи тоҷик".
Асозода гуфт, ки сабаби кам баргардонидани қарз ин монеа шудан дар амалиётҳои бонкии Афғонистон аст. Яъне бонкҳои ин кишвар ба ширкати "Бришно" лимит мондаанд ки дар як ҳафта ҳамагӣ 2 млн доллар қарзҳояшро ба кишварҳои қарздор бармегардонад. Ба ин тартиб, кай навбати Тоҷикистон меояд, ба амалиётҳои бонкии Афғонистон вобаста аст",-гуфт раиси "Барқи тоҷик"
Қарздории Афғонистон аз пули барқ аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ҳамин нишаст Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об гуфт, ки Тоҷикистон дар соли 2021 ба Афғонистону Ӯзбекистон 871,6 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст.
"Неруи барқ асосан ба Афғонистон 1 млрд 213,1 млн. кВт. соат ба маблағи 612,2 млн. сомонӣ ва ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 1 млрд. 145,7 млн. кВт. соат ба маблағи 259,4 млн. сомонӣ содирот карда шуд", - гуфт Далер Ҷумъа.
Вазир таъкид кард, ки "содироти неруи барқ ба ин кишварҳо асосан дар моҳҳои серобӣ (май-сентябри соли 2021) зиёд буда, аз ҷумла дар ин моҳҳо ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1 млрд. 073 млн.459 ҳазор кВт.соат, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 1 млрд. 153 млн.966 ҳазор кВт. соатро ташкил дод".
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Парящие купола Ходжа Машада. Это медресе в Таджикистане – одно из древнейших среди дошедших до нашего времени
Окна, как главный акцент фасада: тренды, которые меняют частные дома
В Таджикистане 200 женщин смогут получить президентские гранты до 110 тыс. сомони
Трамп заявил о скором завершении войны с Ираном на фоне резкого скачка цен на нефть
Как Душанбе Сити Банк справился с мощнейшей DDoS-атакой
В Душанбе мужчина зарезал знакомого во время конфликта
Предприниматели, поставляющие товары из Ирана, говорят о росте цен в Таджикистане
Хуршед Кахоров не взял пояс и прокомментировал поражение в титульном бою Oktagon 85
Эсхата: Цифровая трансформация - это стратегия управления
В Таджикистане создадут Институт искусственного интеллекта, Академию туризма и Институт мировой экономики
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста