Дар пасманзари даргирии мусаллаҳона байни Русия ва Украина камбуди шадиди асъори хориҷӣ ба миён омад.
Нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо тайи чанд рӯзи ахир аз фурӯши асъор худдорӣ намуда, лекин бо майли тамом онро қабул мекунанд.
Камбуди шадиди рубл ва долларро, ки бештар серталабанд, кормандони нуқтаҳо чунин шарҳ медиҳанд, “ин ҷо айби мо нест”.
Ба ин тариқ, дар яке аз нуқтаҳои “Ориёнбонк” дар пойтахт ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуданд, ки асъор надоранд, зеро онро аз муштариён намегиранд. “Мо танҳо он асъореро фурӯхта метавонем, ки дар навбати худ онро аз муштариён мехарем. Шояд онро баъди якчанд дақиқа ё пас аз се-чор рӯз қабул кунем”, - иброз дошт корманди бонк.
Дар яке аз воҳидҳои “Амонатбонк” низ масъаларо ҳамин тавр шарҳ дода, зикр карданд, ки дахолати асъорӣ (интервенсия) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон сурат нагирифта, бонкҳо бо чизе, ки худашон доранд, кор мекунанд.
Дар нуқтаҳои интиқоли маблағи бонкҳо мегӯянд, интиқоли пул, ки асосан бо рубл аст, идома дошта, лекин ҳаҷми он коҳиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, бархе аз кормандони бонк бар ин назаранд, ки коҳиши ҳаҷми интиқоли пул дар мавсими баҳор хос аст ва машварат медиҳанд, ки ба марбут донистани ин ҳол ба вазъи Украина ва таҳримҳои Ғарб шитоб набояд кард.
Аммо муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки айни замон онҳо танҳо аз корт ба корт ё ҳамён ба ватан пул фиристода метавонанд.
“Пас аз оғози даргириҳои мусаллаҳона дар Украина бо корт пули нақд гирифтан қариб ғайриимкон аст, аз ин рӯ, мо тариқи нуқтаҳои интиқоли маблағ пул ирсол карда наметавонем”, - мегӯяд Фирӯз, ки дар Маскав машғули кор аст.
Сабаб чист?
Дарёфти шарҳи вазъияти камбуди асъори хориҷӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон муяссар нашуд.
Дар ҳамин ҳол, мутахассиси яке аз бонкҳои низомсози кишвар, ки нахост номаш ифшо шавад, эътироф кард, ки дар бораи манъи фурӯши асъор дастури шифоҳӣ мавҷуд аст.
“Дар худ нигоҳ доштани асъор барои бонкҳои тиҷораӣ фоидаовар нест. Нуқтаҳои мубодилаи асъор барои он кушода мешаванд, ки пул кор кунанд, яъне бо нархи нисатан арзон асъор харида, бо нархи баландтар онро фурӯшанд.
Лекин дастуре мавҷуд аст, ки тибқи он муваққатан худдорӣ кардан аз фурӯши асъор пешниҳод мешавад ва бонкҳо инро мефаҳманд. Бар асари даргирӣ дар Украина ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ, вазъи молиявӣ ва иқтисодӣ дар Русия, ки ҳиссаи зиёди асъор аз ин кишвар ба мо ворид мегардад, рӯз то рӯз мушкил мешавад. Бинобар ин ба бонкҳо пешниҳод шудааст, ки асъорро сарфа кунанд, то ки барои бо маблағ таъмин кардани воридкунанагони молу маҳсулот имкон дошта бошанд”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.