Русия содироти шакар ва ғаладонагиҳоро ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) муваққатан манъ кард. Дар ҳоли ҳозир Русия, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон аъзои ин созмони зери назорати Маскав ҳастанд. Тоҷикистон аъзои ин созмон нест, вале ин муқаррароти нав дар канор намемонанд.

Ба иттилои хабаргузории русии ТАСС, ки бегоҳии 10-уми март нашр шуд, содироти шакар ва ғалладонагиҳо ба ҷузъ узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) инчунин ба кишварҳои сеюм низ то охири моҳи августи соли 2022 манъ карда шуд.

Русия дар ҳоле содироти шакар ва ғаладонагиҳоро барои чанд моҳ муваққатан манъ мекунад, ки ин навъи маҳсулоти ниёзи аввал ба бозори Тоҷикистон ворид мешавад ва дар пайи ҷаҳиши қурби доллар дар Тоҷикистон нархи шакари Русия дар бозор аз 10 сомонии қаблӣ то ба 13 сомонӣ боло рафт.  

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, дар содироти ғаладонагиҳо аз қабили гандум, ҷав, ҷуворимакка ва маҳсулоти дигар, аз ҷумла шакар ва қанди сафед маҳдудият ҷорӣ шуда ва дар ин бора қарори махсус низ содир шудааст.

“Қарорҳо ба таъмини амнияти озуқавории кишвар нигаронида шудаанд ва ба ҳифзи бозори дохилӣ дар шароити кунунӣ мусоидат мекунанд. Дар баробари ин, имкони ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Иттиҳодияи АвруОсиё (ЕАЭС) ҳанӯз вуҷуд дорад",-навиштааст ТАСС ба истинод ба Вазорати рушди иқтисоди Русия


Ба навиштаи РИА Новости манъи содироти шакар дар асоси қарори зеркомиссияи гумрукии Русия содир шуда пуштибонӣ ёфтааст. Дар асоси он интиқоли шакар ба кишварҳои сеюм татбиқ мешавад ва ба кишварҳои (ЕАЭС) дар асоси иҷозати Вазорати кишоварзии Русия имконпазир хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки сар аз 9-уми март дар Тоҷикистон қурби 100 доллар якбора ба 1300 сомонӣ боло рафт ва дар пайванд ба он нархи орду шакар низ аз 50 то 80 сомонӣ гарон шуд. Ҳоло як халтаи орди 50 килоӣ дар бозорҳои шимолии Тоҷикистон то 300-320 сомонӣ боло рафтааст, ки то дирӯз 265-270 сомонӣ буд. Шакари воридотӣ аз Русия аз 10 сомонии қаблӣ ба 13 сомонӣ баробар шуд.

Ба иттилои Раёсати минтақавии гумрук дар Суғд соли 2021 аз хориҷи кишвар ба миқдори 16043 тонна шакар ба шимолии Тоҷикистон ворид шуд, ки 7922 тоннаи он аз Белорусия, 2163 тонна аз Русия, 1215 тонна аз Украина ва боқимонда аз дигар кишварҳо мебошад. Дар пайи коҳиш ёфтани воридоти  ин навъи маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон давоми ду соли охир нархи шакар низ боло рафта истодааст.   

Манбаъ мегӯяд, моҳи феврали имсол ба шимолии Тоҷикистон 55800 тонна ғалла бо арзиши гумрукии 16571071 доллар ворид шуд, ки назар ба ҳамин моҳи соли гузашта 25724 тонна ғалла кам ворид шуда арзиши гумрукӣ низ -3077067 доллар кам шудааст. Ғалла асосан аз Қазоқистон ва қисман аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Воридоти шакар каме зиёдтар шуда дар моҳи феврали имсол аз хориҷи кишвар ба миқдори 1564 тонна оварда шудааст, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 1078 тонна шакар ворид шуда буд.  

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.