Дар чанд вақти ахир, хусусан дар рӯзҳои пешопеши Наврӯз, мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон аз болоравии роҳкирои нақлиёти мусофиркашии байнишаҳрӣ ва минтақавӣ нигарониҳои зиёде карданд. Онҳо мегӯянд, болоравии нарх давоми чанд моҳи охир ба назар мерасад, хусусан пас аз оғози ҳамлаи Русия ба Укроин ва дар пайи он боло рафтани арзиши маводи сӯхт. Мақомот болоравии нархи роҳкироро ғайриқонунӣ медонанд.
Ронандагон чун ҳамеша болоравии қиммати роҳкироро ба баланд шудани нархи маводи сӯхт ва қурби доллар дар кишвар марбут медонанд.
Боло мераваду паст намешавад
Зимнан бояд таъкид кард, ки чун анъана вақте дар Тоҷикистон нархи маҳсулот ё хидматрасонӣ дар пасманзари болоравии қиммати сӯзишворӣ ё таъсири қурби доллар боло меравад, нархҳо дубора поин намешавад. Ҳарчанд баъдан нархи сӯзишворӣ ё қурби доллар пойин биравад ҳам, нархҳо бетағйир мемонанд.
Масалан, вақте нархи газу бензин дар Тоҷикистон ба ҳадди 10 сомонӣ расид, нархи таксиҳои ба истилоҳ “5 сомона” 7 сомонӣ шуд ва нархи 3 км аввали таксиҳои фармоишӣ, ки 10 сомонӣ буд, ба 2,5 км кам карда шуд. Вале вақте нархи газ пойин шуд, нархи он таксиҳо дигар паст нагардид. Акнун, ки газу бензин дубора боло меравад, нархи таксиҳои ба истилоҳ “5 сомона” боз боло рафт ва ҳоло он аз 8 то 10 сомонӣ аст.
Ҳоло нархи таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе ва минтақаҳо қиммат нашудааст. Нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе бори охир моҳи ноябри соли 2021 гарон шуда буд ва ҳоло мусофиркашҳо (машруткаҳо) 2,5 сомонӣ ва автобусу трелейбус мутаносибан 1,80 ва 1,5 сомонӣ роҳкиро мегиранд.
Ҷаҳиши арзиши роҳкиро дар минтақаҳо
Вале ба фарқ аз ин, роҳкирои байнишаҳрӣ ва минтақавӣ гарон шудааст. Масалан, дар арафаи ҷашни Наврӯз, ки талаботи аҳолӣ ба ин таксиҳо зиёд мешавад, нарх якбора то 50- 70 дарсад боло рафт. Масалан, рӯзи 19 март рӯзноманигор Шервони Умриддин дар саҳифаи Фейсбукиаш нигаронӣ намуд, ки роҳкирои Душанбе – Исфара 350 – 400 сомонӣ, Душанбе – Хуҷанд 250 – 300 сомонӣ, Душанбе – Истаравшан 180 – 220 сомонӣ, Душанбе – Панҷакент 150 – 200 сомонӣ баланд шудааст.
Ҳамчунин, дар фасли зимистон дар пайи барфборӣ роҳкирои Душанбе-Хуҷанд то 300 сомонӣ боло рафта буд. Ин дар ҳоле, ки пештар ва дар рӯзҳои муқаррарӣ нархи онҳо аз 100 то 150 сомонӣ буд. Акнун нигаронӣ ин аст, ки ин нархҳо дигар поин намешаванд.
Роҳкиро дар Вилояти Суғд
Дар пайи то ҳудуди 13 сомонӣ боло рафтани қимати бензину дизел ва аз марзи 7 сомонӣ гузаштани нархи гази моеъ дар шимолии Тоҷикистон арзиши хидматрасонии таксиҳои канори роҳ боло рафта, мусофиркашонии нақлиётҳои ҷамъиятӣ бетағйир боқӣ мондааст.
Бино ба мушоҳидаҳо ҳоло нархи хидматрасонии таксиҳои роҳ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд то 15 сомонӣ ва аз он бештар боло рафтааст. Чизе, ки оғози сол таксиҳои канори роҳ бо 10 сомонӣ мусофиронро ба манзил мерасониданд.
Умед як ронандаи таксӣ дар масири Гулистон-Хуҷанд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки нархи мусофиркашонӣ байни ин ду шаҳр то 40-45 сомонӣ расидааст. Ин нарх як соли пеш 30-35 сомонӣ буд. Аммо ширкатҳои таксӣ, ки расман фаъолият доранд, мегӯянд “аз бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд то мағозаи “Дурахшон”-и шаҳри Гулистон нархи мусофиркашонӣ 37 сомонӣ аст”.
Ҳамин тариқ, роҳкирои масири Хуҷанд – Истиқлол, ки ду – се моҳ пештар 6 сомонӣ буд, акнун 8,5 сомонӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол ронандагони таксӣ дар масири Хуҷанд-Панҷакент мегӯянд, ҳоло байни ин ду шаҳр нархи муосифиркашонӣ аз 100 то 130 сомонӣ аст.
Бахтиёр, як ронандаи таксӣ гуфт, ки нархи мусофиркашонӣ дар ин масир давоми чанд моҳи ахир бетағйир боқӣ мондааст. Вале ӯ афзуд, як сол пеш бо нархи 70 сомонӣ низ мусофиронро аз Хуҷанд ба Панҷакент ё баръакс мебурданд.
- Мошини мо дар ин масир асосан бо дизел ҳаракат мекунад ва ҳоло нархи як литр ин навъи сӯзишворӣ то 13 сомонӣ боло рафтааст. Масофаи роҳи Хуҷанд-Панҷакент 270 километр аст ва дар ин масир се тароз вуҷуд дорад, ки пештар 23 сомонӣ медодем, чанд моҳ аст, ки 35 сомонӣ пардохт мекунем. Харҷи роҳу сӯзишвории мошини ман аз як самт 790 сомонӣ мешавад. Барои ҳамин, маҷбурем аз ҳар як мусофир 100 то 130 сомонӣ ҳаққи роҳ бигирем, ҳарчанд худи мо низ аз ин фоидаи зиёд намебинем”, - афзуд, ӯ
Аммо ронандагони таксиҳои канори роҳ дар масири Хуҷанд-Исфара аз ҳар як мусофир аз 30 то 40 сомонӣ ҳақи роҳ мегиранд. Ду се моҳ пеш ин масир 25-30 сомонӣ нарх дошт.
Нархи муқаррарии мусофиркашонӣ дар хатсайри Хуҷанд-Шайдони Ашт 24 сомонӣ аст, ки дар қиёс бо як соли пеш 4 сомонӣ афзудааст.
Мусофиркашонӣ дар хатсайри Хуҷанд-Конибодом тариқи микроавтобусҳои ҷамъиятӣ 18 сомонӣ, таксиҳо 25 сомонӣ аст. Ҳоло он ки ду се моҳ пештар бо пардохти 20 сомонӣ мусофирон аз Хуҷанд то Конибодом мерасиданд.
Дар масири Хуҷанд-Истаравшан ронандагони таксӣ 25-30 сомонӣ мегиранд. Аммо ба гуфтаи мусофирон, бегоҳии ҳар ҳафтаи рӯзҳои истироҳатӣ арзиши мусофиркашони таксиҳо дар роҳи “Истаравшан-Хуҷанд” то 35-40 сомонӣ боло меравад.
Ронандагони масири Зафаробод - Хуҷанд то 35 сомонӣ мегиранд, то як соли пеш 15-20 сомонӣ буд.
Арзиши роҳкиро аз Шаҳристон ба Хуҷанд дар таксиҳо 40 сомонӣ аст. Як сол пеш мусофирон 35 сомонӣ буд.
Аз баски дар Суғд, нархномаи хатсайрҳои мусофиркашонии дохилишаҳрӣ ва беруназшаҳриро мақомоти танзимгар муайян мекунад, ронандагон дигар ҳуқуқ надоранд, ки аз мусофирон аз нархи муқарраршуда зиёд маблағ ситонанд. Бо вуҷуди поёну боло рафтани нархи маводи сӯхт дар ин гуна хатсайрҳои ҷамъиятӣ арзиши мусофиркашонӣ бетағйир боқӣ мемонад.
Роҳкиро дар Хатлон: минтақаи Бохтар
Нархи мусофиркашонҳои байнишаҳрӣ ва дохилиминтақавӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон низ боло рафтааст.
Бо баландшавии нархи маводҳои сухт нархи таксиҳои мусофиркаши дохилишаҳрии Бохтар, ки ҳамчун нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мешаванд, аз 2 сомонӣ то 3 сомонӣ бардошта шуд. Роҳкиро тариқи микроавтобусҳо аз 1 сомони то 1,5 сомонӣ боло рафт.
Дар ҳамин замина, нархи мусофиркашҳои Бохтар-Кӯшониён аз 3 сомонӣ то 5 сомонӣ ва Бохтар-ҷамоатҳои дигари Кушониён аз 5 то ба 7 сомонӣ боло бардошта шуд.
Нархи мусфиркашҳои берун аз шаҳрӣ, аз ҷумла Бохтар-Душанбе, Бохтар-Кӯлоб, Бохтар - Панҷ, Бохтар-Шаҳритус ва ғайра низ то 20-25 сомонӣ боло рафт.
Роҳкирои Бохтар-Душанбе аз мошинҳои сабукрав аз 20 сомонӣ то 50 сомонӣ мебошад. Вале дар рӯзҳои Чемпионати Осиё оид ба велоспидеронӣ, ки аз соати 6 то 18 бегоҳ шоҳроҳи Бохтар-Душанбе баста мешавад, якбора нархи роҳкиро то 100 сомонӣ баланд шуд.
Сабабшро ронандаҳо дар он мегӯянд, ки маҷбуран бо роҳи Бохтар-Ёвон-Душанбе раванд, ки масофаи роҳ дароз ва ҳолати роҳи ин масир хуб нест. Аз ин хотир хароҷот зиёд мешавад. Дар рӯзҳои маъмулӣ роҳкиро тариқи таксиҳои доимамалкунада дар ин масир 30 то 40 сомонӣ мебошад. Вале дар ин масир, ки рафту омади шаҳрвандон бо мошинҳои шахсиашон зиёд аст ва аксаран барои пушонидани хароҷоти сӯзишвориашон мусофиронро то Душанбе бо нархи аз 20 то 25 сомонӣ меаранд.
Дар масири Бохтар-Шаҳритус ва Бохтар-Панҷ низ болоравии нархҳо мушоҳида мешавад. Дар ин ду масир нархи роҳкиро аз 25 сомонӣ то 40-50 сомонӣ расидааст.
Ба гуфти мусофирон нархи роҳкиро дар рӯзҳои Наврӯзӣ дар масири Бохтар - Кӯлоб то ба 100 сомонӣ расидааст, ки дар рӯзҳои маъмули 50 сомонӣ буд.
Арзиши роҳкирои Душанбе-Абдураҳмони Ҷомӣ ду рӯз боз 70 - 100 сомонӣ аст. То бало рафтани нархи сузишворӣ 25-30 буд, баъд то 35-40 сомонӣ боло рафт. Ҳоло роҳкирои Душанбе – Шаҳритус ва Душанбе- Панҷ 70 сомонӣ аст, қаблан то қиматшавии сузишворӣ 40-50 сомонӣ буд. Душанбе Ёвон ҳам аз 15 сомонӣ ба 20 сомонӣ расидааст.
Роҳкиро дар Хатлон: минтақаи Кӯлоб
Вафо Ҷафоев, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, арзиши роҳкиро бо таксӣ ба ду самти асосӣ: Кӯлоб – Душанбе 60-70 сомонӣ ва Кӯлоб – Бохтар 50-60 сомонӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, ин барои мардуме, ки моҳона ва нафақаи ночиз мегиранд, гарон аст.
- Боз арзиши сӯзишворӣ, ки то ба 12-13 сомонӣ ва арзиши як литр газ аз 8 сомонӣ баланд шуд, қимматшавии роҳкиро дар назар аст. Худи ронандагон худсарона нархро баланд мекунанд. Махсусан, дар арафаи ҷашни Наврӯз нарх то 100 сомонӣ баробар шуд, ки ин беинсофӣ аст, - нигаронӣ намуд Ҷафоев.
Аммо Алам Валиев, сардори Раёсати муассисаи нақлиёти автомобилӣ ва хидматрасонии логистикии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, он нархномае, ки Вазорати нақлиёт дар мувофиқа бо Хадамоти зидиинҳисорӣ ба мо пешниҳод кардааст, имрӯз мо ҳатто аз он нархонома арзонтар мусофиркашонӣ мекунем.
“Баландшавии арзиши сӯзившори ҳеҷ зиёдшавие дар роҳкиро дар минтақаи Кӯлоб наовард. Барои мисол, нархномаи соли 2021 роҳкирои Кӯлоб – Душанберо 95 сомонӣ барои мошинҳо сабукрав (бо бензин) нишон додааст. Ҳол он ки дар лаҳзаи гаронтарин пешопеши Наврӯз аз самти Душанбе ба Кӯлоб нарх то 80 сомонӣ баланд шуду халос. Ё ҳангоми ба Душанбе баргаштани донишҷӯёну меҳмонон то 70-80 сомонӣ шуд”.
Сокини ноҳияи Восеъ Сарбоз Саркоров мегӯяд, дар бисёр самтҳои Восеъ ба ҳудуди деҳаҳои ҷамоатҳояш бо баланд шудани арзиши сӯзишворӣ баланд шуд ва бо паст шудани арзи сӯзишори ҳам дигар паст нашуд.
- Касе инро дар ноҳияи Восеъ ва дигар ноҳияҳо ҳам назорат намекунад. Барои мисол, ман бисёр вақт барои аёдат аз маркази ноҳия ба деҳаи Тугарак, меравам, ки ҳамагӣ 4-5 км аст, вале мусофиркашҳо 3 сомонӣ талаб мекунанд. Панҷ-шаш моҳ аст чунин нархнома амал мекунад. Ба минтақаҳое, ки 6-7 км аст таксиҳо 4 сомонӣ мегиранд.
Дар Кӯлоб таксиҳои дохилишаҳрӣ то 10 км 3 сомонӣ муқарар ва микроавтобус 2 сомонӣ муаян шудааст.
Нархномаи расмии мсофиркашонӣ дар ин минтақа аз 21 июли соли 2021: Кӯлоб – Душанбе бо мошини сабукрав (бо бензин) 95 сомонӣ, бо газ 65 сомонӣ; Кӯлоб – Бохтар - 88/54 сомонӣ. Кӯлоб – Данғара - 49/ 30 сомонӣ; Кӯлоб – Фархор – 32/22 сомонӣ; Кӯлоб – Восеъ – 10/ 6 сомонӣ; Кӯлоб – Ховалинг – 38/ 26; Кӯлоб – Мӯъминобод – 25/ 17; Кӯлоб – Ш.Шоҳин - 17/12; Кӯлоб – Темурмалик 30/21, Кӯлоб – Данғара – Балҷувон – 75/48 ва Кӯлоб – Ҳамадонӣ – 25/20 сомонӣ аст.
Аммо тавре ба назар мерасад, ронандагон дар ин масирҳо аз нархи муқарраргашта 10-15 сомонӣ зиёдтар роҳкиро мегиранд.
Ҳоло нархи таксиҳои Душанбе – Ҳамадонӣ 60-70 сомонӣ аст, ки ду моҳ пештар нарх 40-50 сомонӣ буд. Роҳкирои Душанбе – Фархор 70-80 сомонӣ, то гароншавӣ 50-60 сомонӣ буд. Душанбе - Данғара ҳоло 40-50 сомонӣ, ду моҳ пештар 25-30 сомонӣ буд. Бохтар – Ҳамадонӣ ва Бохтар - Фархор 50-60 сомонӣ аст, пеш аз гароншавӣ 30-40 сомонӣ буд.
Роҳкиро ба ВМКБ ва дар ВМКБ
Манбаъи мо аз ВМКБ мегӯяд, нархи мусофиркашонӣ дар ин минтақа танҳо дар муқоиса ба як сол пеш гарон шудааст. Вале аҳолӣ, мегӯянд, дар ду се моҳи охир гароншавии нархро эҳсос намудаанд. Масалан, роҳкирои Душанбе - Хоруғ ҳоло 400-450 сомониро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки ду се моҳ пештар он 300-350 сомонӣ буд. Ҳамин тариқ, роҳкирои Душанебе - Ванҷ (то маркази ноҳия) 300 сомонӣ, то Ванҷи Боло - 350 сомонӣ шуд, то қиммат шудани маводи сӯхт 200 сомонӣ то маркази ноҳия ва 250 то Ванҷи Боло буд.
Ҳоло нархи мусофиркашонӣ дар роҳи Душанбе - Дарвоз 200 сомонӣ аст, вале то гароншавӣ 150 сомонӣ буд. Роҳкирои Душанбе - Рӯшон 350-400 сомонӣ аст, то гароншавӣ 250-300 сомонӣ буд.
Ҳамин тариқ, ҳоло роҳкирои Душанбе - Ишкошим 450-470 сомонӣ аст, вале то гароншавӣ 350-400 сомонӣ буд. Ҳоло арзиши сафари як мусофир аз Душанбе то ба Мурғоб бо 620 сомонӣ мерасад. Ин дар ҳолест, ки ду се моҳ пеш бо 500-550 сомонӣ мерафат.
Ҳамчунин, нархи роҳкирои Хоруғ - Ванҷ 100 сомонӣ буд, ҳоло 120-130 сомонӣ шудааст. Хоруғ - Дарвоз 120-130 сомонӣ буд, ба 150-160 сомонӣ расидааст. Ҳоло ронандагон мусофиронро аз Хоруғ то маркази Ишкошим бо 70 сомонӣ мебаранд, дар ҳоле ки ду се моҳ пеш бо 50 сомонӣ мебурданд. Нархи роҳкирои Хоруғ – Мурғоб 220 сомонӣ буда, пештар 180-200 сомонӣ буд.
Ҳамин тариқ, ҳоло аз Хоруғ ба деҳаи Сохчарви Шуғнон бо 15 сомонӣ, то маркази ноҳия 6 сомонӣ, то ҷамоати Навобод 20 сомонӣ ва то деҳаи Нишусп бо 10 сомонӣ мераванд. Ду се моҳ пеш аҳолӣ бо нархи 5-6 сомонӣ арзонтар аз Хоруғ ба ин минтақаҳо мерафтанд.
Вазорати нақлиёт: Бори охир соли гузашта роҳкиро қимат шуд
Аммо бо вуҷуди чунин ҷаҳиши нарх, аз Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хидматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти кишвар, ки ниҳоди танзимкунандаи нархи нақлиёти мусофиркашӣ дар кишвар аст, ба “Азия - Плюс” гуфтанд, ки роҳкиро дар минтақаҳо бори охир тобистони соли гузашта гарон шуда буд ва баъди он дигар тағйироте дар нарх нест.
Бояд гуфт, ки дар пасманзари боло рафтани арзиши газу бинзин дар кишвар, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ба ғайр аз шаҳри Душанбе, дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз 37 то 50 фоиз гарон шуда буд.
- Ду сол пештар нархҳо ба таври назаррас баланду паст мешуданд. Аз ҷониби аҳолӣ муроҷиатҳо буд, ки роҳкирои нақлиётро бозбинӣ намоем. Мо соли 2021 ба Ҳукумат пешниҳод крадем ва онҳо иҷозат доданд, ки нархҳоро бозбинӣ кунем. Ҳамин тариқ, нархи роҳкирои бийниминтақавӣ ва байнишаҳрӣ тағйир наёфтааст ва бо нархи ивазшудаи тобистони соли 2021 амал мекунад, - гуфт Хидиров
Аз сабаби он ки терминалҳои расмӣ нархро вобаста ба талаботи бозор таъин намекунанд ва барои равуои таксиҳо дар масирҳое, ки масъуланд шароити лозим фароҳам намекунанд, таксиҳо нархи таъинкардаи онҳоро риоят намекунанд ва бо баланд шудани нархи сӯзишворӣ ва қурби доллар нархро баланд мекунанд ва мутаассфиона дигар паст намекунанд. Ин чиз оҳист-оҳиста ба ҳукми анъана медарояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
В Таджикистане начался прием заявок на учебу за рубежом. Какие документы необходимо собрать?
Парламент Абхазии отказался от ратификации инвестиционного соглашения с Россией
«Озоди»: Недалеко от Душанбе рухнул беспилотник
Талибы заявили о начале строительства афганского участка газопровода ТАПИ
Глава СПЧ России: «Нам не нужны люди, которые создают в городах кишлаки»
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с инвалидностью
В Конгрессе США заявили о лабораторном происхождении коронавируса
В Кыргызстане планируют запретить использование мобильных телефонов в школах и вузах. А что в Таджикистане?
США ввели санкции против трех бывших узбекских чиновников за насилие над воспитанницами детдома
Президент Ирана встретится с Путиным для обсуждения ситуации в Сирии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста