Аз охири ҳафтаи гузашта қурби рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ ба андозаи14,7% боло рафта, тибқи пешгӯиҳо, минбаъд низ боз болотар хоҳад рафт.
Тибқи қурби расмии муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, рӯзи 30 март 1000 рубли Русия ба 151,6 сомонӣ иваз карда мешуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 26 март он ба 132,2 сомонӣ баробар буд.
Ахиран қурби рубл нисбат ба сомонӣ нимаи моҳи феврали соли равон дар ин сатҳ қарор дошт.
Поинравии қурби рубл дарҳол пас аз оғози низои ҳарбӣ байни Русия ва Украина, 24 феврали соли ҷорӣ оғоз гардид. То 7 март қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ то 91 сомонӣ (ба 1000 рубл) поин рафт.
Қобили зикр аст, ки қурби рубл барои оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки саробонашон дар Русия кор мекунанд, хеле муҳим аст. Ҳамчунин мебояд гуфт, аз соли 2016 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои интиқол бо рубли Русия дар бонкҳои ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешаванд.
Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷирати Русия, дар ин кишвар зиёда аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, ки тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии коршоями ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2021 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар маблағ фиристодаанд, ки 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Амфетамины: Синтетические наркотики стали новой угрозой для молодежи Таджикистана
Трамп заявил, что продолжит помогать Афганистану только после возвращения талибами американской военной техники
В Казахстане более 70 граждан Таджикистана вызволили из снежного плена
В Афганистане талибы разрешили вещать женской радиостанции
ЕС одобрил 16-й пакет антироссийских санкций: еще 13 банков отключат от SWIFT
«Шкаф» – «тумбочка» и «короче» – «просто». Как перевести распространенные русские слова на таджикский?
Новый глава Социалистической партии Таджикистана: «Мы хотим обрести власть через парламент»
В Пенджикенте возбудили дело против мужчины, напавшего с ножом на девочку
В Азербайджане закрыли информагентство Sputnik – представительство «России сегодня»
Как Саудовский принц Мухаммад бин Салман взялся помирить Россию и США
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста