Дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе рӯзи 19 май дар доираи ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркия доир гардид.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода Туркияро яке аз шарикони асосии иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон номид.
“Сол то сол иштироки ширкату корхонаҳои Туркия дар иқтисоди кишвар афзуда, чорабинии имрӯза омили муҳим ва калидии таҳкими ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду кишвар мебошад. Ба туфайли сиёсати созандаи президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои сармоягузорон имтиёзу бартариҳои зиёд пешбинӣ гардида, инчунин рушди ҳакамӣ (арбитраж)-и байнулмилалии тиҷоратӣ дар кишвари мо гувоҳи ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон аст”, - зикр кард роҳбари Палата.
Ба кори ҳамоиш намояндагони 21 ширкати туркӣ аз соҳаҳои саноати сабук, мошинсозӣ, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли мебел ва ғайра даъват шуда буданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 100 нафар соҳибкорон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат намуданд.
Зикр шуд, ки ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо Туркия аз аввали соли равон 118,5 млн доллар, дар ҳамин давраи соли гузашта - 126,8 млн доллар ва дар соли гузашта - дар маҷмӯъ 390,5 млн долларро ташкил дод.
Дар рафти чорабинӣ доир ба Кодекси нави андоз, фаъолияти Минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва коркарди пахта дар кишвар, инчунин фаолияти корхонаи Coca-Cola маълумот пешниҳод гардид.
Қисмати дуюми ҳамоиши тиҷоратӣ дар шакли вохӯриҳои В2В доир гардида, соҳибкорони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки бо намояндагони ширкатҳои туркӣ бевосита гуфтугӯ кунанд.
Зикр шуд, ки дар Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дошта, дар онҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак тамоми шароит фароҳам аст.
Чорабинии мазкурро Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Туркия ташкил намуданд.
Суратҳо аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон