Дар баробари беқурбшавӣ ё коҳиши доллари амрикоӣ дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон арзиши нархи орд аз умдатарин маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон пойин рафтааст. Тамоюле, ки дар Тоҷикистон кам иттифоқ мешавад. Дар Тоҷикистон умдатан вақте нархҳо ба боло рафтан, дигар пойин намераванд.
Агар як халта орди 50 килоии навъи якум рӯзи 20-уми май дар бозорҳои Суғд то ба 370 сомонӣ дакка хӯрда буд, ҳамин навъи ордро имрӯз савдогарон 10-15 сомонӣ арзонтар ба фурӯш гузоштаанд. Фурӯшандагону корхонаҳои истеҳсолӣ мегӯянд, бо поён рафтани қурби доллар нархи орд низ ҳамарӯза арзонтар мешавад.
Имрӯз, 25-уми май як халта орди 50 килоии навъи якум дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд то 360 сомонӣ дар фурӯш буд. Фурӯшандагон баъзе навъи ордро то ҳатто 347 сомонӣ нарх гузоштаанд.
Акбар, як фурӯшандаи орд дар ин бозор ба “Азия-Плюс” гуфт, чаҳор рӯз пештар як халтаи ордро бо нархи 370 сомонӣ мефурӯхтанд, ки ҳоло ҳудуди 10-15 ва ҳато бархеро то 20 сомонӣ арзонтар кардаанд.
“Нархи орд аз ҳисоби поён рафтани қурби доллар ба сомонӣ ҳамарӯза арзонтар шуда истодааст. Мисол мо аз корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин шабу рӯз як халта орди навъи якумро каму беш бо нархи 354 сомонӣ харида истодаем ва бар замми харҷи роҳ 6-6,5 сомонӣ гаронтар аз нархи осиёб дар бозор ба фурӯш гузоштаем”.-гуфт, ӯ
Ба фарқ аз бозори “Панвшанбе” нархи орд дар бозори яклухтфурӯши “Гулистон”-и шаҳри Хуҷанд боз каме арзонтар аст. Зарифҷон як тоҷири яклухтфурӯши ин бозор мегӯяд, ҳоло як халтаи 50 килоии навъи якуми ордро ба қимати аз 345 то 350 сомонӣ фурӯхта истодааст, ки ҳамаги ҷанд рӯз пеш 360 сомонӣ буд.
Мувофиқи қурби муқарранамудаи Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 25 май, 1000 рубли русӣ ба 173 сомонӣ ва 1 доллари амрикоӣ ба 11,40 сомонӣ баробар шуд. Аммо рӯзи 24-уми май 1 доллар ба 11,80 сомонӣ баробар буд ва аз санаи 20-уми май то ба имрӯз қурби як доллар назар ба сомонӣ 1,05 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Оғози моҳи март дар бозорҳои шимолии Тоҷикистон як халта орди навъи якум бо нархи 265-270 сомонӣ дар фурӯш буд. Аммо ба дунболи ҷанги Русия дар Украина ва манъи содироти чанд номгӯй молу маҳсулот, аз ҷумла ғалладонагиҳо аз кишвари аввал ба кишварҳои дигар нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон якбора боло рафт. Қазоқистон ҳам, ки 90 дарсади ғаллаи Тоҷикистон аз ин кишвар ворид мешавад дар содироти гандум маҳдудият ҷорӣ кард ва ҳамин тавр нархи орд дар Тоҷикистон боз гаронтар шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Планы Нозии и Мухаммадрофеъ «петь на радость поклонникам и служить стране»
Tcell подписал меморандум с Ilmhona и Re-skill
«Мы никому не рассылали СМС»: «Почтаи точик» предупреждает о мошенниках
В Узбекистане разрешили передавать вокзалы и железнодорожные составы в частные руки
ЕБРР запускает программу «Молодежь в бизнесе» в Таджикистане
«Мама читала, я запоминала». Как Фарахбахш, несмотря на слепоту, победила в конкурсе «Книга – мудрости зари сиянье»
Как Малика Джуракулова меняет мир и борется за права таджикских женщин
На дорогах Душанбе всё чаще замечают LiXiang L9: что за автомобиль покоряет столицу?
Google Pay с Mastercard от Алифа уже доступен: оплачивайте покупки телефоном бесконтактно
«Барки точик»: Если бы не модернизация, мы могли вообще остаться без электроэнергии
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста