Тоҷикистону Ӯзбекистон ният доранд, ки ояндаи наздик дар мавзеи гузаргоҳҳои “Ойбек” ва “Фотеҳобод” минтақаи марзии тиҷоративу индустриалӣ таъсис диҳанд, хабар медиҳад Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни форуми доираҳои кории ду кишвар, ки ҳафтаи гузашта дар остонаи сафари президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар Тошканд доир гардид, дар ин хусус тавофуқоти пешакӣ ҳосил шудааст.
Ба иттилои манбаъ, минтақаи тиҷоративу индустриалӣ дар сарҳад “бо мақсади тақвияти савдои мутақобила ва ҳавасмандсозии рушди ҳамкориҳо дар соҳаи саноат” роҳандозӣ мешавад.
Дар назар аст, ки дар қаламрави минтақа иқтидорҳои истеҳсолӣ, марказҳои логистикӣ ва зербинои зарурӣ ҷойгир карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод - Ойбек” дар минтақаи шимолу ғарби вилояти Суғд воқеъ аст.
Ёдрас мекунем, ки дар форуми Тошканд доираҳои тиҷоратӣ ба густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо даъват шуда, таъкид гардид, ки ҳукуматҳои ҳар ду кишвар ба ҳама гуна кумаку дастгирии зарурӣ дар амалисозии лоиҳаҳои муштарак омодаанд.
Дар ҳошияи чорабиниҳои форум вохӯриҳои иштирокчиён дар шакли «B2G» (тиҷорат бо ҳукумат) ва «B2B» (тиҷорат бо тиҷорат) доир гардида, ба маблағи ҳудуди 1,1 млрд доллар 75 санади ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расид.
Бино ба маълумоти мақомоти омори Тоҷикистон, тайи панҷ соли ахир ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 6,4 баробар - аз ҳудуди 70 млн доллар дар соли 2016 то ба 448 млн доллар дар соли 2021 зиёд шуд.
Дар зарфи чор моҳи соли равон ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар муқоиса бо ҳамин дараи соли гузашта боз 30,4% афзуда, 174 млн долларро ташкил дод. Ҳудуди 35% аз ҳаҷми умумии савдои дуҷониба ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рост меояд.
Ғайр аз ин, дар ин давра бо иштироки сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 219 корхона бунёд гардида, бо саҳми сармояугзорӣ аз Ӯзбекистон 51 ширкат дар Тоҷикистон фаъолият дорад.