Ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақал барои тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аз имрӯз, 1 июл то 600 сомонӣ (57 доллар) боло меравад. То ин дам ҳаҷми он 400 сомонӣ (38 доллар)-ро ташкил медод.
Фармони дахлдори президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора 13 январи соли равон ба имзо расида буд.
Мувофиқи ин фармон, аз имрӯз маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм (ба истиснои кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он), фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
Андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ 20 фоиз зиёд ва 366 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Ғайр аз ин, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятим ва ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда мешавад.
Стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия, аз ҷумла стипендияҳои президентӣ (ба ғайр аз курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон) ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки аз 1 январи соли равон маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 20-25% зиёд карда шуданд.
Таджикистан и Афганистан подписали контракт на поставку электроэнергии в 2025 году
Банки Узбекистана и Казахстана прекратили обслуживать выпущенные Газпромбанком карты UnionPay
Как реформируют свою милицию страны Центральной Азии
130 победителей. Кто они – лауреаты конкурса «Книга – мудрости зари сиянье»?
В Таджикистане создали штаб по цифровизации госуслуг и безналичных расчетов
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста