Қурби рубли Русия пас аз болоравии мунтазам нисбат ба сомонӣ, аз аввали ҳамин моҳ тадриҷан беқурб мешавад.
Мувофиқи қурби расмии муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 7 июл 1 рубл ба 0.1671 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 1 июл - он 0.1773 сомонӣ нарх дошт.
Дар ҳамин ҳол, қурби доллари амрикоӣ, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ нисбат ба сомонӣ то сатҳи ду соли пеш поин рафта буд, ба болоравӣ оғоз намуд.
Тибқи қурби Бонки миллӣ, нархи 1 доллар имрӯз 10,5794 сомониро ташкил дода, як рӯз пеш - 10,4554 сомониро ташкил медод.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад. Бонкҳо аз он барои ивази ба пули нақд истифода намебаранд. Баръакс, БМТ қурби худро, аз ҷумла бар асоси тамоилҳо дар бозори нақдии асъор муқаррар мекунад.
Қобили зикр аст, ки пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбат ба Русия аз ҷониби кишварҳои Ғарб бар асари муноқиша бо Украина, дар бозори асъори Тоҷикистон тағйирёбии босуръати қурбҳо ба мушоҳида мерасад.
Дар аввал сомонӣ нисбат доллар хеле беқурб шуда, нисбати рубл боло рафт. Аммо баъди талаботи раҳбарияти Русия дар мавриди аз 1 апрел пардохти маблағи гази табиӣ бо рубл аз кишварҳои Ғарб, ки ба таҳримҳо ҳамроҳ шуда буданд, вазъият бакуллӣ тағйир ёфт.
Мутахассисони тоҷик зикр мекунанд, ки дар натиҷаи аз лиҳози иҷтимоиву иқтисодӣ ба Русия вобаста будани Тоҷикистон аз Русия, сомонӣ дарвоқеъ аз рубл вобастагии зиёд дошта, чӣ гуна ҳолате, ки бо рубл ба амал меояд, баъди муддати муайяне ба пули тоҷикӣ низ ҳамин гуна ҳолат таъсир хоҳад расонид.
Дар Русия ҳафтаи гузашта (29 июн) қурби доллар то ҳадди ақал давоми ҳафт сол (50 рубл барои 1 доллар) поин рафта, лекин баъдан вазъ тағйир ёфт ва қурби он нисбати рубл ба болоравӣ оғоз кард.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, аз 1 июл қурби рубл нисбат ба доллар ба андозаи 16,5% - аз 52,5123 рубл барои 1 доллар то 62,9110 рубл поин рафт.
Под натиском парниковых газов и пылевых бурь. Как остановить исчезновение ледников в Таджикистане?
Каких животных нельзя держать в столице? Напоминаем правила, ведь штрафы возросли
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 2 февраля 2025 года
Январская "чистка", иранские инвестиции, "дело о госперевороте" и страхи таджикских мигрантов: важные события января-2025 по версии "Aзия-Плюс"
Ярко, весело и с размахом. Как в Душанбе отметили праздник Сада
В Филадельфии на жилые дома рухнул самолет медицинской эвакуации
Сборная Таджикистана на Азиаде-2025 в Китае оказалась самой малочисленной среди стран Центральной Азии
Что делать, если инспектор ГАИ снимает номера с вашей машины?
Мигрантов в России предложили привлекать к ответственности за необучение детей русскому языку
В Кыргызстане ввели штрафы за клевету и оскорбления в интернете
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста