Ширкати электроэнергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон ҳоло ҳам аз пули барқ ба Тоҷикистон қарздор аст, хабар дод зимни нишасти матбуотии имрӯза раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Мамадумар Асозода.

Лекин дар бораи маблағи мушаххаси қарзи ширкати “Афғонистон” ба “Барқи тоҷик” чизе нагуфт.

“Аз ҷониби ширкати Афғонистон баъзе ҳаҷмҳои барқҳои гирифтаашон пардохт мешавад. Дар назар аст, ки бо афзоиши имконоти пардохтпазирии ин ширкат қарзҳо пардохта хоҳанд шуд”, - иброз дошт Асозода.

Ӯ таъкид дошт, ки айни замон шабонарӯзӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то 9 млн кВт/соат неруи барқ интиқол дода мешавад.

Аввали соли равон раиси ширкати “Барқи тоҷик” ба рӯзноманигорон хабар дода буд, ки қарзи DABS ба ширкат 33 млн долларро ташкил медиҳад.

Он замон ӯ изҳор дошта буд, ки охири моҳи декабри соли гузашта раҳбарияти “Барқи тоҷик” ва DABS ба замимаи созишномаи дар соли 2008 имзошуда дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон то соли 2028 протокол ба имзо расониданд.

Дар қарордоди иловагӣ ба созишнома дар соли 2022 ба Афғонистон содироти шабонарӯзии 40 мегаватт-соат барқ дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-сентябр) ва 25-30 мегаватт-соат дар давраи тирамоҳу зимистон (моҳҳои октябр-апрел) пешбинӣ шудааст.

Асозода таъкид дошт, ки мутобиқи қарордод, DABS барои 1 киловатт-соат барқ аз Тоҷикистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.

Бино ба маълумоти “Барқи тоҷик”, соли 2021 аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 635.9 млн сомонӣ (56,3 млн доллар) неруи барқ интиқол дода шудааст.

Дар зарфи 6 моҳи соли 2022 Афғонистон аз Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 336 млн сомонӣ (зиёда аз 30 млн доллар) барқ гирифт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.