Нимсолаи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7,2% зиёд шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Бино ба маълумоти Вазорат, дар ин давра дар Тоҷикистон бештар истеҳсоли моҳӣ (ба андозаи 26,5% нисбат ба 6 моҳи соли 2021), тухми мурғ (24,5%), мева (12,1%), гӯшти мурғ (11,5%) ангур (11,2%), тарбузу харбуза (7,6%) ва зироати ғалладона (5,9%) афзудааст. Ҳаҷми афзоиш дар боқимонда навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз 2 то 5%-ро ташкил медиҳад.
Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ зиёда аз 1 ҳазору 145 тонна моҳӣ, 576,1 млн дона тухм, 116,3 ҳазор тонна мева, 20,3 ҳазор тонна гӯшти мурғ, 2,4 ҳазор тонна ангур, беш аз 283 ҳазор тонна тарбуз ва харбуза, 688 ҳазор тонна зироати ғалладона истеҳсол шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар муоқиса бо 6 моҳи соли гузашта истеҳсоли пилла ба андозаи 13,9% (378 тонна) ва асал - ба миқдори 4% (607 тонна) кам шудааст.